Конфронс бахшида ба хотираи Муқаддима Ашрафӣ

Ноябрь 10, 2014 16:48

Душанбе, 10.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат ).- Дар  ҳошияи Ҷашнвораи  УШ  байналмилалии «Диёри  ҳусн — 2014», ки  аз  6  то  9  ноябр  дар   шаҳри  Душанбе  идома  ёфт,  конфронс  ва  мизи  мудаввар  бахшида ба  ёдбуди  Муқаддима Ашрафӣ  ва  минётури тоҷик  баргузор  гардид.
Мақсад  аз  конфронс ва  мизи  мудаввар ҷалби таваҷҷуҳи  намояндагони  сохторҳои  давлатӣ, санъат  ва аҳли  ҷамъият  ба  мероси  илмии  профессор,  санъатшинос Муқаддима  Ашрафӣ  буд. Мавсуф   тамоми  ҳаёти  худро  ба  таҳқиқи  минётури тоҷику  форс,  мусоидат ба  омӯзишу эҳёи  санъати  минётурӣ  дар  Тоҷикистон,    масоилу арзишҳои он, ҳамчунин тақвияти  муколамаи  байналмилалӣ   дар  ин  росто  бахшидааст. 
Ба  туфайли  иштироки  доктори  илми  таърих,  профессори  Академияи  илмҳои  ҶТ  Аскаралӣ  Раҷабов, Ходими  шоистаи санъати  Тоҷикистон,  номзади  санъатшиносӣ,  доктори  илми таърих Лариса  Додхудоева,  шарқшинос,  доктори  санъатшиносӣ,  котиби  масъули  Иттифоқи  бастакорони  ҶТ  Аслиддин Низомов,  доктори  илми таърих,  профессор,  мудири  кафедраи Донишгоҳи  технологии  Тоҷикистон  Муродалӣ  Иброҳимов, фарзандони  олимони   бузурги  тоҷик  Камол  Айнӣ ва  Муқаддима  Ашрафӣ,  намояндагони  сохторҳои  давлатӣ  ва созмонҳои  ҷамъиятии бахши косибию  сайёҳӣ  дар  конфронс ва  мизи  мудаввар ин чорабинӣ дар  сатҳи баланд   роҳандозӣ  шуд. 
Нотиқон  зимни  суханрониашон   зикр  намуданд, ки Ходими  шоистаи   илму техникаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Муқаддима  Ашрафӣ дар  Осиёи  Марказӣ  аввалин  доктори  санъатшиносӣ   аз ҷумлаи  кадрҳои   миллӣ маҳсуб  меёфт. Мавсуф  узви  Ассотсиатсияи  эроншиносони   Аврупо, Ҷамъияти аврупоии  таҳқиқи  Осиёи  Марказӣ ва Ассосиатсияи  байналмилалии ҷамъиятҳои  форсизабони  ИМА  буд. 
Ёдовар  мешавем, ки  конфронс ва  мизи  мудаввар   бахшида ба  минётур ва Ҷашнвораи  УШ  байналмилалии «Диёри  ҳусн — 2014»  бо  ибтикори  Бунёди   байналмилалии «Ҳафт пайкар» — и  косибони  Тоҷикистон  ва  Маркази  минётури  бадеии  «Мино» — Клуби  ЮНЕСКО ва  дастгирии  Вазорати  фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии   шаҳри  Душанбе  роҳандозӣ  шуданд.

Ноябрь 10, 2014 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад