Конфронс бахшида ба минётур

Ноябрь 4, 2014 16:26

Душанбе,  4 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат ).- Дар  ҳошияи  Ҷашнвораи  УШ  байналмилалии «Диёри  ҳусн — 2014», ки  аз  6  то  9  ноябр   дар  шаҳри  Душанбе баргузор  мешавад, 8  ноябри  соли  ҷорӣ  дар  « Душанбе — Плаза»  бахшида ба  минётури тоҷик  ва  рӯзи ёдбуди  Муқаддима  Ашрафӣ  конфронс  ва  мизи  мудаввар   доир  мегардад.  
Дар  ин бора  раиси  Маркази  минётури  «Мино» — Клуби ЮНЕСКО,  рассом,  журналисти   маъруфи  бахши  телевизион  ва  ходими  ҷамъиятӣ  Сарвиноз  Ҳоҷиева  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод. 
Ба  гуфтаи  Сарвиноз  Ҳоҷиева, ҳадафи  ин  чорабиниҳо  мусоидат  ба   омӯзиши  муфассали  минётури тоҷик  ва тақвияти  муколамаи  байналмилалӣ,  ҷалби  таваҷҷуҳи  намояндагони  сохторҳои  давлатӣ,  санъат  ва  аҳли  ҷомеа  ба эҳёӣ санъати  минётурӣ дар  Тоҷикистон ва  проблемаю  арзишҳои он  аст. 
Конфронс  ва  мизи  мудаввар  бахшида  ба  минётури тоҷик  ва Ҷашнвораи  УШ байналмилалии  «Диёри  ҳусн — 2014» бо  ибтикори  бунёди  байналмилалии «Ҳафт  пайкар» — и  косибони Тоҷикистон  ва Маркази  минётури  «Мино» — Клуби ЮНЕСКО бо  дастгирии Вазорати  фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Мақомоти  иҷроияи   ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Душанбе  роҳандозӣ  мешавад.
Ёдовар  мешавем, ки  дар Шарқ,  аз ҷумла  дар Тоҷикистони  бостонӣ,   мактаби  минётури Ҳироту  Табриз  бештар  маълуму  маъруф  буд. 
«Мо умедворем, ки  конфронсамон   бахшида ба  минётур таваҷҷуҳи   кормандони Вазорати  фарҳанг  ва   сохторҳои  дигарро  ба  худ  ҷалб  менамояд», —  гуфт  Сарвиноз  Ҳоҷиева.
 

Ноябрь 4, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад