Конфронс дар мавзӯи ҳамгироии Авруосиё

Ноябрь 17, 2014 15:31

Душанбе,  17.11.2014. (АМИТ «Ховар»,  Марҳабои  Азамат).- Бо  ибтикори  Сафорати  Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва зимни ҳамкорӣ  бо  Вазорати   рушди  иқтисод  ва  савдои  ҶТ, Намояндагии тиҷоратии Федератсияи  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Донишгоҳи  славянии  Русия  ва  Тоҷикистон  (Маркази тадқиқоти  геополитикӣ) 19  ноябр  дар  шаҳри  Душанбе Конфронси  байналмилалӣ  дар  мавзӯи  «Тоҷикистон: самтҳои ҳамгироии  Авруосиё» баргузор  мегардад. 
Дар  ин  бора  аз  Сафорати  ФР  дар  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Назар  ба  иттилои  манбаъ,  конфронс  бо   дастгирии Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Намояндагии Барномаи  рушди  СММ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,   Сафорати Ҷумҳурии  Беларус  дар ҶТ,  Сафорати  Ҷумҳурии  Қазоқистон  дар  ҶТ, Сафорати Ҷумҳурии  Қирғизистон  дар  ҶТ, Намояндагии Бонки   рушди  Авруосиё, Ҷамъияти  масъулияташ  маҳдуди  «Газпромнефт — Тоҷикистон», Намояндагии «Газпром ЭП Интернэшнл Сервиз Б.В.»,  «Ориёнбонк»,  ширкатҳои  «Билайн» ва  «Мегафон» баргузор  мешавад.  

Ноябрь 17, 2014 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад