Конфронси ёздаҳуми ҲХДТ дар Суғд

Ноябрь 13, 2014 11:05

Душанбе, 13.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров конфронси ХI ҲХДТ дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар конфронс раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов дар бораи «Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд дар давраи аз моҳи июни соли 2012 то ноябри соли 2014» маърӯза кард.  
Гуфта шуд, ки Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ фаъолияти худро дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти эътирофи меъёрҳои демократӣ, ҳадафу мақсадҳои Оинномавию Барномавии ҳизб, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳизбҳои сиёсӣ» ва қонунҳои дигари марбута ба роҳ монда, иҷрои қарорҳо ва супоришҳои роҳбарияти ҳизбро самти асосии кори худ қарор дода, дар натиҷа ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. 
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар бораи вазифаҳои навбатии ҳизбиён дар пешбурди ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин сухан кард.
 Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
 
 
 
 
 

Ноябрь 13, 2014 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад