Маросими мӯҳташами «AFC Annual Awards»

Ноябрь 28, 2014 11:54

Душанбе,  28.11.2014. (АМИТ «Ховар»).-   30  ноябр  дар  пойтахти  Филиппин   шаҳри  Манила маросими  мӯҳташами Конфедератсияи  футболи Осиё «AFC Annual Awards  2014» баргузор  гардида,  дар  он натиҷаи соли  гузашта ҷамъбаст  ва ҷоизони  мавсими  соли  2014  дар футболи  Осиё  номбар  карда  мешаванд.
Федератсияи  футболи  Тоҷикистонро  дар  ин  чорабинӣ ноиби  аввали  президент  Хуршед  Мирзоев  ва  сардори  шуъбаи  байналмилалии  федератсия Давлатманд  Исломов  намояндагӣ  мекунанд.
Дар  маросими  мӯҳташам ғолибон дар  бахшҳои  «бозингари  беҳтарин», «бозингари  беҳтарини  ҷавон», «бозингари  беҳтари  футзал», «футболбоззани  беҳтарин», «довари  беҳтарин», «мураббии  беҳтарин», «дастаи мунтахаби  беҳтарин» ва  ғайра эълон  карда  мешаванд. 
Ёдовар  мешавем, ки  се  футболбоз — ҳамлагари  дастаи «Ал — ҳилол»  Носир ал — Шомронӣ, муҳофизатгари  дастаи  «Ал — айна»  Аҳмад  Исмоил  ва ниммуҳофизатгари  дастаи  «Ал — садда»  Иброҳим  Ҳалфон, ки дар  Осиё  ӯро «Марадонаи  Осиё»  меноманд,  барои  дарёфти  унвони  бозингари  беҳтарин  иддао  доранд.
Дар  ин  бора  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.

Ноябрь 28, 2014 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад