«Масири Шимол — Баҳри Сиёҳ»- роҳи нави қочоқи маводи нашъаовар
Душанбе, 18.11.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- «Аз тарафи мутахассисони Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2008 дар асоси маводи омода ва нашрнамудаи Раёсати СММ ва натиҷаҳои таҳлили маводи нашъаовари мусодирашуда хулоса дар бораи мавҷудияти масири нави қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба воситаи қисми шимолии Эрон ва кишварҳои Қафқоз ба давлатҳои Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва Русия пешниҳод гардид. Ин роҳи нави қочоқи маводи нашъаовар шартан «Масири Шимол — Баҳри Сиёҳ» номида шуд»,-иттилоъ дода шудааст дар сомонаи АНМН. Тибқи иттилои манбаъ, ин натиҷабарорӣ пеш аз ҳама ба он асос меёфт, ки ҳаҷми мусодираи гурӯҳи афюнӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар «Масири Шимол» ҷойгиранд, коҳиш ёфта, истеҳсоли гурӯҳи афюнӣ дар минтақаи ҷанубу ғарбии Афғонистон, ки бо Эрон ва Покистон ҳамсарҳад мебошад, ривоҷ кард. Ҳамчунин натиҷаи таҳлили роҳҳои дигари эҳтимолии интиқоли маводи нашъаовар ба қисмати Аврупоии Федератсияи Русия ва Аврупои Шарқӣ ба назар гирифта шуд. Интишори навбатии хабари фаврӣ дар тамоми расонаҳои иттилоотии ҷаҳон оид ба мусодираи героин, ки дар Афғонистон истеҳсол шуда буд, бори дигар тасдиқи вуҷуд доштани хатсайри Шимол-Баҳри Сиёҳ гашт. Дар Олмон кормандони полис аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори калони героин бо вазни 330 килоро мусодира намуданд. Нархи умумии маводи мусодирагардида 50 миллион евроро ташкил дод. «Кормандони полиси ҷиноии шаҳри Эссени Олмон шабакаи мутташакили байналмилалиро, ки ба хариду фурӯши маводи нашъаовар даст доштанд, безарар намуданд. Дар натиҷаи ин амалиёт миқдори калони героин мусодира гардид, ки ин шумора дар таърихи Олмон зиёдтарин миқдори мусодирагардидаи маводи нашъаовар ба ҳисоб меравад. — Тафтишоти мо шабакаи муташаккили байналмилалиро ошкор намуд, ки аз ҳисоби хариду фурӯши маводи мухаддир фоидаи калон ба даст меоварданд. Агар соли 2013 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамагӣ 270 килограмм героин мусодира гардидааст, пас ин амалиёти гузаронидаи мо, ки имконият дод дар як дафъа 330 кг героинро мусодира намоем, муваффақияти беандозаи мо мебошад, — изҳор намуд роҳбари полиси ҷиноии шаҳри Эссен Йорг Сирке. — Ин нишон медиҳад, ки мақсади асосии онҳо ин интиқол додани маводи мухаддир ба мамлакати мо мебошад. Амалиёти мазкур 22 сентябри соли ҷорӣ дар наздикии шаҳри Эссен дар заминҳои федералии Рейни Шимолӣ — Вестфалия баргузор гардид. Нашъаҷаллобон ин миқдор героинро дар даруни мошини боркаш, ки 23 тонна бодиринг ва сиркои консервшуда дошта, ки аз Эрон ворид мегашт, пинҳон намуданд. Тавре ки маълум гашт, зимни тафтишот интиқоли ин маводи марговарро гурӯҳҳои Сурия- Ироқ ташкил намуда буданд». Ин дуввумин ҳодисаи мусодираи героин ба миқдори махсусан калон дар Олмон ба ҳисоб меравад. 29 январи соли 2014 кормандони гумруки Олмон дар фурудгоҳи Лейпсиг 9 қолини аз Эрон воридгардидаро, ки дар даруни нахи онҳо 45 кг героин бофта шуда буд, ёфт ва мусодира намуданд. Таҳлил нишон дод, ки героини мусодирагардида дорои сифати аъло мебошад. Миқдори героини мусодирагардида дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар Олмон 375 кг-ро ташкил дод, ки ин нишондод назар ба соли гузашта 38, 9% афзуд ва назар ба соли 2012 55% зиёд гашт. Ин таҳлили оддии миқдори калони мусодирагардида дар Олмон, ки аз ҳудуди Эрон ба ин давлат ворид мегардад, нишондоди афзоиши нақши масири Балкан ва Шимол-Баҳри Сиёҳ дар интиқоли қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон мебошад. Бо таҳлили пурраи нақши масири Шимол-Баҳри Сиёҳ шумо метавонед дар сомонаи http://taj.akn.tj/ шинос шавед.