Муҳокимаи хизматрасониҳои бонкӣ дар Мадрид
Душанбе, 21.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Аз 13 то 16 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Мадриди Испания конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Бонки оянда» оид ба масъалаҳои хизматрасониҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳо, технологияиҳои иттилоотӣ баргузор гардид, ки дар ин конфронс ҳайати корӣ аз «Амонатбонк» бо роҳбарии раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода ширкат намуданд.
Аз рӯи иттилои БДА «Амонатбонк», конфронси байналмилалии «Бонки оянда» бо ибтикори низоми байналмилалии интиқоли маблағҳои «Юнестрим» баргузор гардид. Дар ин конфронс масъалаҳо амалиётҳое, ки бонкҳо бо супориши муштариён ба ивази маблағи муайян иҷро намуда, даромаднокиашонро зиёд менамоянд, дурнамои рушди соҳа дар самти муомилоти ғайринақдии пул, талаботи нави ҷалби бештари мизоҷон ва дар ин замина устувории мавқеи мизоҷ ва бонк баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон дар ин конфронс роҳбари БДА «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо раиси Раёсати Ҷамъияти саҳомии Бонки Тиҷоратии «ЮНИСТРИМ» Кирил Палчун вохӯрӣ анҷом дод, ки дар ин вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва густариш додани он дар оянда баррасӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Бонки оянда», роҳбарони бонкҳои бонуфузи давлатҳои Аврупову Осиё ва давлатҳои ИДМ, ҳамчунин намояндагони ташкилотҳои бонуфуз ширкат доштанд.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






