Мулоқоти Ш. Саид бо Ф.Масопуст

Ноябрь 28, 2014 16:20

Душанбе,  28.11.2014. (АМИТ «Ховар» ).-  27  ноябр раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  бо ҳайати  тоҷирони  Чехия бо  роҳбарии  раиси  иҷроия, узви   раёсати Палатаи  савдо  ва  саноати  Чехия  оид ба  кишварҳои  ИДМ  Франтишек Масопуст  мулоқот  анҷом  дод. 
Тавре ки  аз  ПСС ҶТ  хабар   доданд,  мақсади  асосии  мулоқот  иборат  аз  рушди ҳамкории иқтисодию  тиҷоратии ҳар  ду  давлат,  ҳамчунин имзои   созишномаи  байни  палатаҳо  дар  бораи  ҳамкорӣ  буд. 
Мулоқот   дар  ҳошияи   сафари расмии Президенти  Чехия  Милош  Земан ба Тоҷикистон, ки онро  ҳайати тиҷоратию  иқтисодии  70   ширкати  Чехия ҳамроҳӣ  мекард, сурат  гирифт.
Қобили зикр  аст, ки соли  2013  муомилоти  моли  байни Тоҷикистону  Чехия   3,5 миллион  долларро ташкил  дод.
Франтишек Масопуст зикр  намуд, ки  аз рӯи  натиҷаи  ҳамоиши   тоҷирону  соҳибкорони  Чехия  ва  Тоҷикистон қарордоду созишномаҳои нави  байни соҳибкорони  ҳар  ду  кишвар имзо  шуданд. 
«Ин  тадбир  иқдоми  наве  дар  роҳи   рушду  густариши  ҳамкории  байни ҳар ду  кишвар хоҳад  буд», —  афзуд Франтишек  Масопуст.

Ноябрь 28, 2014 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад