Нақши барномаи 1С муҳосибот дар идораи ташкилот

Ноябрь 28, 2014 14:59

Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори раёсати илми  Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ 27 ноябр дар донишкада бо ширкати доираи васеи устодону толибилмон дар мавзӯи «Нақши барномаи 1С муҳосибот дар идоракунии ташкилот» семинари илмӣ доир гардид. 
Тавре ки  устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибии донишкада  Пайрав Бобомуродов иттилоъ дод, дар семинар муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров иброз намуд, кумитаи тадорукоти семинари мазкур тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо пажуҳишгарони макотиби олии кишвар дар соҳаи илм ва тадқиқоти илмӣ тавсияҳои мушаххасро доир ба масоили мавриди назар баррасӣ намояд. 
Аслиддин Комилов, устоди кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ дар мавзӯи «Баҳисобгирии муҳосибӣ дар фаъолияти идоракунӣ» оид ба мақсад, вазифаҳо ва истифодаи барномаи 1С муҳосибот дар низоми идоракунии ташкилот сухан гуфта,  зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои истифодаи барномаи 1С муҳосибот ин автоматикунии ҷои кори коргарон аст. 
Ҳамчунин дар семинар маърӯзаҳо дар мавзӯи «Барномаи 1С муҳосибот дар ташкилотҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Нақши барномаи 1С муҳосибот дар шароити муосир ва ҳалли амалиёти муҳосибӣ», «Ҷоринамоӣ ва истифодаи СБҲМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд, ки фарогири масоил оид ба мавқеи барномаи 1С муҳосибот ва ҷоринамоии он дар ташкилотҳои буҷавӣ, ҳалли масъалаҳои амалиёти муҳосибӣ бо ёрии ин барнома ва таҷрибаи ҷаҳонии ҳисобдорӣ буд.
 

Ноябрь 28, 2014 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад