Нархи бензин баробари 20 дирам қимат шуд

Ноябрь 18, 2014 10:57

Душанбе, 18.11.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Рӯзи ҷумъаи гузашта дар нуқтаҳои маводи сӯхти шаҳр нархи намудҳои асосии бензин баробари 20 дирам қимат шуд. Алҳол «Газпромнефти Тоҷикистон» нархи 1 литр бензини намуди АИ – 92 – ро 6 сомонию 50 дирам, 1 литр бензини намуди АИ – 92 «Ҷидрайф» — ро 6 сомонию 65 дирам, 1 литр бензини намуди АИ – 95 – ро 6 сомонию 80 дирам, АИ – 95 «Ҷидрайф» — ро 6 сомонию 95 дирам кардааст. Ҳол он ки то рӯзи ҷумъаи гузашта нархҳои зикршуда баробари 20 дирам арзон буданд.Дар ширкати « Газпромнефти Тоҷикистон» сабаби инро чунин маънидод карданд, ки имрӯзҳо ба Тоҷикистон бензини бебоҷ ворид нашуда, сӯзишворӣ бо нархҳои дигар дастрас гардида ва бо нархи қимат фурӯхта мешавад. Ба гуфтаи намояндаи ширкати мазкур баландшавии қурби асъори Амрико низ ба арзиши ниҳоии бензин таъсир мерасонад.

Ноябрь 18, 2014 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад