Нигаронии М. Убайдуллоев аз фаъолияти муовини соҳавияш

Ноябрь 18, 2014 10:50

Душанбе, 18.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи шаҳрдорӣ аз фаъолияти муовини соҳавияш, собиқ вазири нақлиёти кишвар Низом Ҳакимов дар иртибот ба ҳолати роҳҳо, ҷараёни корҳои сохтмон, навсозӣ ва таъмири онҳо, танзими хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ намудааст. 
   Раиси шаҳр ҷиҳати рафъи мушкилоти вобаста ба хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ ба шаҳрвандон, навсозӣ ва таъмири роҳҳои пойтахт ба сарпарасти соҳа-муовинаш Низом Ҳакимов дастур додааст, ки барои ҳалли норасоию камбудиҳои ҷойдошта дар ин соҳаҳои муҳими шаҳр тадбирҳои таъхирнопазир андешад. Нигаронии раиси шаҳр аз муовини соҳавияш дар ҳолест, ки вақтҳои охир бо фарорасии сардиҳо нақлиёти ҷамъяитӣ дар пойтахт номуназзам фаъолият намуда, сокинон ва меҳмонони пойтахт соатҳо дар интизори нақлиёти мусофиркашанад, ки ин боиси сари вақт ба дарс ҳозир нашудани донишҷӯён ва ба ҷои кору манзил нарасидани кормандону коргарони идораю ниҳодҳо  гардидааст. Ё худ бо ҷурми тӯл кашидани таъмиру навсозӣ дар бархе аз роҳу кӯчаҳо ва кӯпрукҳои пойтахт  субҳгоҳон ва шомгоҳон дар роҳҳои кӯчаю хиёбонҳои шаҳр танбашавии  воситаҳои нақлиёт ба амал меояд, ки ин на танҳо ронандагони воситаҳои нақлиёт, инчунин мусофиронро низ нороҳат месозад.      
 
 

Ноябрь 18, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад