Озмуни Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ
Душанбе, 07.11.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Сафорати Иёлоти Муттаҳида Амрико дар Тоҷикистон озмуни Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ (ХСҲМФ) дар Душанберо эълон кардааст.
Тавре ки дар ин бора аз сафорати ИМА хабар доданд, 12 ноябри соли равон дар Гӯшаи Амрико, воқеъ дар Китобхонаи милли Тоҷикистон, ошёнаи 4-ум машварати иттилоотӣ роҷеъ ба барномаи ХСҲМФ баргузор мегардад.
Озмуни ХСҲМФ барномаҳоро, аз қабили барқарор намудани иморатҳои бостонӣ ва таърихӣ, арзёбӣ ва ҳифзи дастнависҳои нодир ва нигораҳои осорхонаҳо, нигоҳ доштан ва ҳифз намудани мавзеъҳои муҳими бостонӣ, сабту ҳуҷҷатгузорӣ намудани ҳунарҳои миллӣ ва забонҳои маҳаллӣ, ки зери хатари нестшавӣ қарор гирифтаанд, дастгирӣ менамояд.
Гуфта мешавад, ки Хазинаи сафирон оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ дар соли 2001 ҷиҳати нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва зоҳир намудани эҳтироми ИМА нисбат ба фарҳангҳои ғайр таъсис дода шудааст. Мероси фарҳангӣ нишонаест аз саҳмгузорӣ ва таҷрибаи таърихии башарият. То ба имрӯз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таввасути гранти ХСҲМФ 15 барномаро дар Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 540 ҳазор доллари амрикоӣ дастгирӣ намудааст.
Ташкилотҳое, ки нияти дар озмун иштирок карданро доранд, метавонанд дар машварати мазкур иштирок намоянд. Муҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 28 ноябри соли 2014 мебошад. Ҳуҷҷатҳои супурда аз рӯзи пешниҳод шуданашон таҳти баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






