Парафшонии Парчами давлатӣ дар Тавилдара
Душанбе, 25.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Рӯзи Парчами давлатиро чун дигар мардуми гӯшаву канори кишвар сокинони ноҳияи зебоманзари Тавилдара низ бо шукӯҳи хосса таҷлил намуданд.
Тибқи иттилои мудири бахши фарҳанги ин ноҳия Сабоҳат Қурбонова, дар ин рӯзи фархунда дар майдони марказӣ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид ва дар он раиси ноҳияи Тавилдара Ҳиммати Ғайрат мардуми шарафманди ин минтақаро бо Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, роҷеъ ба аҳамияти Парчами давлатӣ ва нақши он дар давлатдорӣ зикр кард, ки: «Мутобиқи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Дар таърихи нави инсоният ин се падидаи ҷамъияти инсонӣ нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб мераванд.
Парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд».
Дар чорабинӣ инчунин аз ҷониби ҳунармандони Кохи фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии иштирокдорон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин санаи таърихӣ барномаи консертӣ намоиш дода шуд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






