Рӯнамоӣ дар семинари «Таҷаддуди роҳи бузурги абрешим»

Ноябрь 12, 2014 11:51

Душанбе, 12.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дирӯз дар Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки сардорони воҳидҳои сохтории бонк ва мудирони филиалҳои навоҳии шаҳри Душанбе рӯнамоӣ аз сафар ва ширкати гурӯҳи корӣ дар семинари «Таҷаддуди роҳи бузурги абрешим», ки дар шаҳри Саняи ҷумҳурии мардумии Чин доир шуд, баргузор гардид. Рӯнамоӣ бо ибтикори муовини раиси Раёсат Сироҷиддин Икромов, яке аз иштирокчиёни семинари мазкур доир шуд. Дар он аз баргузории семинари мазкур доир ба вусъат додани ҳамкориҳо миёни давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки барои устувор шудани равобити иқтисодиву сиёсӣ, молиявию фарҳангӣ мусоидат мекунад, маълумотҳо пешниҳод гардиданд. Сироҷиддин Икромов ба иштирокчиён оид ба масъалаи роҳҳои пешгирии хавфҳои бонкӣ дар Бонки Рушди Чин, ки яке аз шарикони асосии БДА ҶТ «Амонатбонк» ва узви Иттиҳоди Байнибонкии СҲШ, ҳамзамон бонки бонуфузи ҷаҳон арзёбӣ шудааст, маълумотҳои муфассал пешниҳод намуд. Масъалаи дигари рӯнамоӣ, ки бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт, ин густариш додани ҳамкориҳо ва барқарор кардани роҳи бузурги абрешим тавассути ҳамкориҳои молиявии давлатҳои узви СҲШ ва ҳамзамон эҳёи роҳи мошингард пас аз таҷаддуди роҳи абрешим миёни давлатҳои узви СҲШ буд. Сироҷиддин Икромов зикр намуд, ки чунин семинарҳо бори дигар барои густариши ҳамкориҳо ва такмил додани таҷрибаи кории намояндагони бонкҳои узви ИБ СҲШ ва дар амал татбиқ намудани он самараи хубу натиҷаи дилхоҳ меоварад.

Ноябрь 12, 2014 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд