Роботҳо барои безараргардонии маводи тарканда

Ноябрь 28, 2014 16:40

Душанбе, 28.11.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз масъулини  Сафорати ИМА дар Тоҷикистон   ба Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи ВКД  роботҳо барои безараргардонии маводи таркандаро супориданд.
Тавре ки Х. Солеҳов- корманди ин ниҳод  ба АМИТ «Ховар» хабар дод, роботҳои мазкур бо дастгоҳи махсус идора шуда, вазифаи дарёфт, муайян ва безарар кардани маводи тарканда ва худсохтро иҷро менамоянд. Ҳамчунин он барои бехатарӣ ва амнияти кормандон зимни гузаронидани амалиёти махсус равона шудааст.
Муовини вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода зимни суханрониаш зикр намуд, ки аз ҷониби Сафорати  ИМА дар Тоҷикистон барномаҳои зиёд, аз ҷумла ҳамкориҳои мақомоти милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани ҳуқуқи зан, такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ роҳандозӣ шуда, густариш меёбанд.
Муовини Сафири ИМА дар Тоҷикистон Роберт Бёрҷес низ дар навбати худ аз густариши ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки роботҳои безараргардонии маводҳои тарканда дар асоси Барномаи мусоидат дар мубориза бо терроризм роҳандозӣ шуда, барои кормандони ин ниҳоди таъиноти махсус кумак хоҳад кард.  
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД тарзи кор бо робот ва истифодаи он мавриди безараргардонии маводи тарканда ба ҳозирин намоиш дода шуд.  
 
 

Ноябрь 28, 2014 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад