Сӯхтор дар бозори Хуҷанд

Ноябрь 17, 2014 16:41

Хуҷанд, 17.11.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуахад Шарифзода).-Шаби 15-ум ба 16-уми ноябр дар мавзеи бозори марказии шахри Хуҷанд- «Панҷшанбе» сӯхтор ба амал омад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии  вилояти Сугд иттилоъ доданд, сӯхтор  соати 22 сар зада, он то соати 01.30-и санаи 16  ноябр  идома ёфта, марказҳои савдои бозори «Панҷшанбе»- «Тоҷир», «Сино», «Баҳор» ва «Барфаки Хуҷанд»-ро ба коми фаро гирифтааст. Ба гуфти манбаъ аз рӯи маълумотхои пешакӣ оташ аз балони гази моеи яке аз ошхонаҳое, ки дар ошёнаи дувуми ин маркази савдо ҷойгир буд, сар задааст.  Алъон аз рӯи хисобҳо масоҳати сӯхтор 800 м2 ро дар бар гирифта, тақрибан зиёда аз 84 нуқтаи савдоро ба коми худ кашид. Танҳо маблағи зарари сӯхтори иншооти сохтмонӣ 994 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 
 Он шаб барои хомӯш намудани оташи сарзада 20 адад нақлиёти Хадамоти сӯхторнишонии вилоятӣ, инчунин шаҳри Хуҷанд, Б.Ғафуров, Чкаловск, Қайроққум, Спитамен, Ҷаббор Расулов  ҷалб шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, барои муайян намудани сабаб ва ҳаҷми умумии хисороти молӣ бо дастури раиси вилоят комиссияи махсуси босалоҳият бо роҳбарии муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов таъсис дода шуда, дар айни ҳол комиссияи махсуси босалоҳият барои омӯхтани сабабҳои сӯхтор дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, оқибатҳои сӯхтор бартараф шуда истодааст. 
Ба гуфти манбаъ, инчунин аз тарафи Прокуратураи вилоят ва РВКД ҶТ дар вилояти Суғд парвандаи ҷиноятӣ оид ба сар задани сӯхтор кушода шуда, тафтиш идома дорад.
 
 

Ноябрь 17, 2014 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад