Тоҷикистону Португалия хостори таъсиси гурӯҳи дӯстии парлумонӣ

Ноябрь 19, 2014 10:13

Душанбе, 19.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тавсеаи равобити парлумонии Тоҷикистону Португалия дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ бо Матуш Марио Годинъо-де — Сафири фавқулода ва мухтори Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.   Шукурҷон Зуҳуров ба дипломати португалӣ дар бораи фаъолият ва таърихи таъсиси парлумони касбии мамлакат маълумот дода, ташкили парлумони дупалатагиро аз дастовардҳои муҳими сиёсии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Мавсуф гуфт, ки парлумони касбии Тоҷикистон солҳои охир ҳамкориро бо парлумонҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда, дар ин замина гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро таъсис додааст. «Мо, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров,- омодаем бо Парлумони Португалия гурӯҳҳои дӯстиро таъсис диҳем. Дар ин росто, тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Португалия низ барои истифода аз таҷрибаи касб кардаи якдигар дар самти таҳия ва қабули қонунҳо мусоидат менамояд. Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъкид кард, ки сафарҳои ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон барои ширкат варзидан дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламунии АвруОсиё, Парлумони Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ барои ғанӣ гардидани таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳо бо сохторҳои гуногуни ин кишвару созмонҳо мусоидат намуданд. Сафири фавқулода ва мухтори Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Матуш Марио Годинъо де- низ тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишварро омили асосии фароҳам омадани фазои мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳкими равобити байниҳамдигарӣ дар тамоми соҳаҳо арзёбӣ кард.

Ноябрь 19, 2014 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад