У.Ҳабибуллоев роҳбари Созмони «Содействие» интихоб шуд

Ноябрь 19, 2014 13:14

Душанбе,  19.11.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло  Тоирӣ).- Корманди  намояндагии  Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  ҶТ  дар  ФР  оид ба  муҳоҷират  дар  Сочи  Умед  Ҳабибуллоев  дар  машварати Созмони  ҷамъиятии  мададгори рушди фарҳанги  халқҳои  Осиёи Марказии  «Содействие»  — и кишвари Краснодар  (СҶКК) иштирок  намуд.
Тавре  ки  котиби  матбуоти намояндагии Хадамоти  муҳоҷирати  ҶТ  дар  ФР  Иброҳим  Аҳмадов  хабар  дод,   иштирокдорони  машварат кори  дар  соли  2014  иҷрошуда ва  масоили  вазъи  муҳоҷират  дар  кишвари  Краснодарро муҳокима  намуданд.
Дар  машварат  Умед  Ҳабибуллоев   роҳбари  шуъбаи СҶКК «Содействие» дар  шаҳри  Сочи  интихоб  гардид. Тасмим  гирифта  шуд, ки дар  шаҳрҳои Ставропол  ва  Ростов   намояндагиҳои созмони  мазкури ҷамъиятӣ  ифтитоҳ  карда шавад. 
Корманди   намояндагӣ  ҳинни  сафараш ба  шаҳри  Сочи  бо  муҳоҷирони  меҳнатии  Тоҷикистон чандин  вохӯриҳо  анҷом  дод. 

Ноябрь 19, 2014 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад