Вакилони тоҷик ба Минск рафтанд

Ноябрь 10, 2014 15:16

Душанбе,10.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-  Ду нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон -Нурулло Оқилзода ва Зиёратшо Саъдулло ба Беларус рафт. Вакилони тоҷик дар конфронси байналмилалӣ, ки таҳти унвони “Равандҳои интихоботӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”рӯзҳои 11-12 ноябр дар Минск  доир мегардад, ширкат меварзанд.
   Аз Парлумони кишвар ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки дар конфронси байналмилалӣ вакилони парлумонҳо ва намояндагони комиссияҳои  марказии интихобот ва раъйпурсии ИДМ, инчунин коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба низоми интихоботии ИДМ ва соири масъалаҳои марбут ба раванди интихобот дар фазои ИДМ-ро матраҳ хоҳанд кард. Конфронси мазкур бо ибтикори Шӯрои Ассамблеяи  байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад.     
 
 

Ноябрь 10, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад