Вазъи қурби асъори хориҷӣ тадриҷан муътадил мегардад
Душанбе, 14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Дар айни замон тағйирёбии аз эътидол беруни қурбҳои асъор дар аксари бозорҳои молиявии ҷаҳон мушоҳида мешавад. Қурбҳои асъор табиатан бузургии хеле ҳассос буда, таҳти таъсири на танҳо омилҳои макроиқтисодӣ, балки омилҳои зиёди дигаре, ки ба талаботу пешниҳоди асъор дар бозор таъсир мерасонанд, қарор доранд.
Аз рӯи иттилои Хадамоти Бонки миллии Тоҷикистон, тағйироте, ки дар минтақа ба вуқӯъ омада истодаанд, ба талаботи асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ таъсири бевосита мерасонанд. Аз ҷумла, пастравии қурби рубли русӣ ба таносуби бахшҳои тавозуни пардохт, бахусус маблағгузории касри манфии амалиёти тиҷоратӣ таъсири бевосита мерасонад.
Бо мақсади пешгирии оқибатҳои манфии ин раванд ба бозори истеъмолии дохилӣ, Бонки миллии Тоҷикистон барои бартараф кардани тағйирёбии аз эътидол беруни талабот ё пешниҳоди асъор мудохилаҳои асъориро анҷом дода истодааст.
Дар назар аст, ки дар ҳолати паст шудани шиддати тағйироти қурбии бозори молиявии ҷаҳон, ки хусусияти кӯтоҳмуддат ва муваққатӣ дорад ва бо андешидани тадбирҳои зарурӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон вазъи қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ низ тадриҷан ба эътидол меояд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






