Вохӯрии самарабахш оид ба ҳамкориҳои рушд
Душанбе, 17.11.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Чанде қабл дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сюзан Эллиот баргузор гардид.
Дар раванди вохӯрӣ масъалаҳои амалигардонии лоиҳаҳои Агентии ИМА оид ба ҳамкориҳои рушд (ЮСАИД) дар соҳаи кишоварзӣ ва нақшаҳои афзалиятноки минбаъда ҷиҳати рушди бахши амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи ислоҳоти замин ва барномаи низоми обёрии заминҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Инчунин вазири кишоварзӣ Қ.Роҳбар зикр намуд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии асосии пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки дар ин замина Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд «Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»-ро мавриди амал қарор додааст. Ҳамзамон баҳри амалигардонии қадамҳои аввалини барнома 5 ҳадафи асосӣ муайян шудааст.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро баҳри рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи кишоварзӣ иброз намуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






