Вохӯрии вазири корҳои хориҷии ҶТ бо Валиаҳди Давлати Кувайт

Ноябрь 24, 2014 10:35

Душанбе, 24.11.2014 (АМАТ «Ховар»).- 23 ноябри соли 2014 дар шаҳри Кувайт Валиаҳди Давлати Кувайт шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат перомуни масоили муносибатҳои Тоҷикистону Кувайт ва дурнамои рушди он мубодилаи афкор сурат гирифт.
Вазири корҳои хориҷии кишвар зикр намуд, ки рушди ҳамкориҳо бо Давлати Кувайт самти афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар мебошад. Сироҷидин Аслов иброз дошт, ки дар ҳоли ҳозир муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд ва изҳори умедворӣ намуд, ки вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистону Кувайт ҳамкории зичро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Фонди кувайтии рушд вусъат хоҳанд дод.
Дар ҷараёни мулоқот вазири корҳои хориҷии кишвар ба Валиаҳди Кувайт паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ тақдим намуд. Дар паёми худ Президенти Тоҷикистон аз Амири Кувайт даъват ба амал овардааст, то дар фурсати муносиб сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.
Ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷии кишвар С.Аслов, инчунин вазири энергетика ва захираҳои об У. Усмонзода, вазири нақлиёт Х. Асозода, роҳбари Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Аҳмадов ва дигар намояндагони вазорату идораҳои кишвар шомил шуданд.

Ноябрь 24, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд