Ёқути пурарзиштарини ҷаҳон ба савдо рафт

Ноябрь 14, 2014 17:02

Душанбе,14.11.2014. (АМИТ «Ховар», Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-  Дирӯз  дар яке аз хона-музоядаҳои Швейтсария ёқути пурарзиштарини ҷаҳон ба савдо рафт. Мутахассисони соҳаи маъданҳои қиматбаҳо санги гаронбаҳоро «Подшаҳи хубони Осиё» унвон додаанд. Бояд гуфт, ки вазни он 400 граммро  ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, ки «Подшаҳи хубони Осиё»-ро бар ивази пардохти 18 миллион доллар харидаанд. Ном ва насаби харидор пинҳон дошта мешавад. Дар музояда 600 нафар аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат дошт. 
 
 Душанбе,14.11.2014. (АМИТ «Ховар».- Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си нозирони байналмилалӣ оид ба назорати фаъолияти бонкҳо панҷ муассисаи молиявии бузурги ҷаҳонро бо ҷурми амалҳои қаллобӣ дар ҳаҷми 3,4 миллиард доллар ҷарима намуданд. Гуфта мешавад, ки  дар рӯйхати бонкҳои мазкур бонки «Ю-Би-Эс», «Эйч-Эс-Би-Си», «Роял банк оф Скотланд», «Сити групп» ва «Ҷи-Пи-Морган»-ро шомил намуданд. 
 
 Душанбе,14.11.2014. (АМИТ «Ховар».- Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Италия  ҳукуматдорони Италия тасмим доранд, ки кумаки  молиявии худро барои ҷилавгирӣ аз табларзаи «Эбола» дар Африқои Ғарбӣ то соли 2015 идома диҳанд. Ва низ гуфта мешавад, ки барои ин кор иловатан 6 миллион евро ҷудо шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки  Хукумати Италия аз оғози хуруҷи ин бемории хатарнок дар Африқои Ғарбӣ барои мубориза бо он 7,6 миллион евро ҷудо кардааст. 
 
    Душанбе,14.11.2014. (АМИТ «Ховар».- Дастаи мунтахаби занонаи Олмон оид ба теннис дар Ҷоми Федератсия бори нахуст аз соли 1992-юм ҳунарнамоӣ намуд. Рақобат барои ба даст овардани ҷоиза миёни Андрея Петкович ва ҳамдастагони ӯ бо намояндагони Чехия сурат гирифт. Гуфта мешавад, ки дастаи мунтахаби Чехия умедвор аст, ки ин ҷоизаро маротибаи 3-юм низ дар тӯли 4 соли охир ба даст орад.

Ноябрь 14, 2014 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад