Қабули аснод доир ба лоиҳаи хатти барқи баландшиддати КАСА-1000

Декабрь 5, 2014 15:26

Душанбе, 05.12.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид дар шаҳри Истанбули Туркия дар ҷаласаи Шўрои байниҳукуматӣ оид ба анҷом расонидани ҷараёни  омодагӣ барои  имзои созишнома дар хусуси хариду фурӯши барқ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа, ки бо иштироки намояндагони давлатҳои  Тоҷикистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Покистон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии таҷдид ва тараққиёт ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ баргузор гардид, доир ба хариду фурӯши барқ дар минтақа дар доираи лоиҳаи хатти барқи баландшиддати КАСА-1000  мувофиқа ҳосил гардида, асноди зарурӣ ба имзо расид. Бо назардошти мувофиқаҳои ҳосилгардида имзои созишнома дар бораи хариду фурӯши барқ ва гузаронидани тендер дар аввалҳои соли 2015 ба нақша гирифта шудааст.

Декабрь 5, 2014 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад