Ҷомеаи педагогӣ ба пажӯҳишҳои бунёдӣ ниёз дорад

Декабрь 30, 2014 09:23

 
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 29 декабр дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии солона доир гардид. Дар гузориши президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова паҳлуҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти  солонаи ин муассисаи илмӣ  мавриди баҳрабардорӣ ва арзёбӣ қарор гирифт.
Ишора гардид, ки соле, ки гузашт, соли пурбор ва қобили арзёбӣ буд. Аз ҷумла, фаъолияти илмии академикон Маҳмадулло Лутфуллоев,  Файзулло Шарифзода, Убайд Зубайдов, Ирина Каримова ва  профессор Сафар  Сулаймонӣ қобили зикр аст. Дар тӯли сол ҷуз аз рисолаҳои монографӣ 7  барнома, 4 стандарт, 9 китоби дарсӣ, 229 мақола- дар ҷамъ 7 ҳазору 10 саҳфаро ташкил доданд. Дар тӯли сол  22 нафар уновонҷӯ аз рисолаи худ дифоъ кард. Аз ҷониби  профессор Сафар Сулаймонӣ дар тӯли сол 9 китоб, 27 мақола чоп гардида, 4 шумораи маҷаллаи «Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон» аз чоп баромад, ки дар ҳамин ҷаласа рӯнамоии он низ сурат гирифт. Қарор шуд, ки дар  оянда унвони маҷалла «Педагогика» номгузорӣ шавад ва дар саҳафоти он танҳо мақолаҳои бунёдӣ ба табъ расанд, чунки академия бештар ба пажӯҳиши бунёдӣ ниёзманд аст ва чунин навъи таҳқиқ  илм барои илм буда, бахши фаъолиятҳои илмиест, ки ҳадафи тиҷоратӣ ва амалиро доро намебошад. Пажӯҳиши бунёдӣ ҳадафҳои ташаккули консепсияҳо ва моделҳое  мебошад, ки  истифодаи онҳо зуд ва сарӣ зоҳир намегардад. 
Тибқи меъёрҳо ба пажӯҳишҳои бунёдӣ тадқиқоти    назариявиро, ки барои дарёфти донишҳои нав, бидуни ҳадафҳои мушаххас  барои истифодаи имрӯзро дар назар надоранд. Натиҷаи он — фарзияҳо, назарияҳо, услубҳо ва ғайра мебошад. Масалан,  таълими ҳамгиро, таълими тафриқа, ки бунёд ва асоси кулли пажӯҳишҳоянд, дар таҷрибаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мушоҳида мегардад. 
 

 

Декабрь 30, 2014 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад