Аҳзоби сиёсӣ то чӣ андоза ба интихобот омодаанд?

Декабрь 11, 2014 12:16

Душанбе, 11.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар доираи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти кишвар 1 марти соли равон доир мегардад, имрӯз дар Душанбе бо иштироки роҳбарону намояндагони аҳзоби сиёссии кишвар ва аъзои тозаинтихоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ /КМИР/ мизи мудаввар доир гардид.
Чорабинӣ бо ибтикори КМИР ва дафтари намояндагии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо /САҲА/ дар Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он Ҷумъахон Давлатов- ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи Президенти кишвар дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидбой Зокиров -муовини раиси КМИР, Маркус Мюллер- роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Ҷамшед Ҷамшедов, узви КМИР, Абдуманнон Додозода- роҳбари дастгоҳи КМИР ва Хайрулло Ғафуров -устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба масоили марбут ба омодагӣ ва баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ дар кишвар-интихоботи парлумонӣ гузориш доданд. Зикр шуд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва ба таври шаффофу демократӣ ва озод баргузор намудани интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, инчунин фаъолияти озод ва иштироки аҳзоби сиёсии кишвар дар интихоботи парлумонӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Таъкид шуд, ки қонунҳои ҷории марбут ба интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалист. Алҳол дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсии расман ба қайд гирифта шуда фаъолият дорад, ки дар ташаккули ҳаёти сиёсии кишвар нақши муаасир мегузоранд. Дар суҳбати мизи мудаввар иштирокдорон доир ба тартиби иштироки аҳзоби сиёсӣ дар интихобот, пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хавзаҳои якмандатаи интихобот ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, тартиби аз ҷониби аҳзоби сиёсӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷат дар бораи сарчашмаҳои даромад, масъалаҳои вобаста ба маблағгузории интихобот, хароҷоти маблағ дар маъракаи интихобот ва пешниҳоди ҳисобот дар бораи масрафи маблағ ва хазинаи интихоботии ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин доир ба барномаҳои пешазинтихоботӣ ва ташвиқоти пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ, тартиби пешбарӣ кардани нозирони миллӣ аз сӯи аҳзоби сиёсӣ ва мушоҳидаи ҷараёни баргузории интихобот табодули назар карданд. Дар фарҷоми нишаст аз ҷониби намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир ба омодагӣ ва баргузории интихоботи парлумонӣ дар соли 2015 таклифу пешниҳодҳо ироа гардиданд.

Декабрь 11, 2014 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд