Аксари номзадҳои ҲИИТ доктори илмҳои иқтисоданд

Декабрь 15, 2014 14:23

        Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ Ховар», Марзия Саидзода).-  Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон /ҲИИТ/ дар Анҷумани 5-уми худ, ки 13 декабр дар Душанбе баргузор гардид, 6 нафарро ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбарӣ намуд, ки аксарияти онҳо доктори илмҳои иқтисод мебошанд.
         Анҷумани мазкур  таҳти раёсати раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев ҷараён гирифта, дар он масъалаҳои мубрами марбут ба фаъолияти ҳизб дар давраи   ҳисоботӣ ва вазифаҳо барои маъракаи пешазинтихоботӣ матраҳ гардиданд.
        Дар анҷуман дурнамои фаъолияти ҳизб ва  фаъолияти иттиҳодияю ташкилотҳои ибтидоии он  дар давраи пешазинтихоботӣ  муайян  шуданд. Иштирокчиёни анҷуман  бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Ойинномаи ҳизб  ҳайати нави роҳбарӣ ва раёсати ҳизбро бо аксари овозҳо ҷонибдорӣ намуданд. Зикр шуд, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ба таври шаффофу демократӣ, бо риояи талаботи Конститутсия  (Сарқонун)-и кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ баргузор хоҳад гашт. 
        Бояд тазаккур дод, ҲИИТ 31 ҳазору 169 аъзо дошта, дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкилотҳои ибтидоии он фаъолият дорад. 
 

Декабрь 15, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад