Ба имзо расидани лоиҳаи протоколи ҳусни ният

Декабрь 18, 2014 10:21

Душанбе, 18.12.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ (ҶДРФТ) Сайдулло Хайруллоев бо ҳайати намояндагии Ҷамъияти дӯстии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои хориҷӣ таҳти раёсати муовини раиси ҷамъияти мазкур Ван Шеман мулоқот намуд, ки дар ҷараёни он масъалаи тақвияти ҳамкориҳои ҶДРФТ ва ҷамъияти мазкур баррасӣ гардид. Раиси Раёсати ҶДРФТ Сайдулло Хайруллоев ташрифи ҳайати чиноиро ба Тоҷикистон қадами муҳим барои рушди равобити дуҷониба арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки ҳамкориҳои тарафайни ҷамъиятҳои дӯстии Тоҷикистон ва Чин бо гузашти солҳо тақвият меёбанд. Сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди густариши муносиботи дуҷонибаи ҷамъиятҳои дӯстии ҳар ду кишвар такони тоза бахшид, — таъкид кард Сайдулло Хайруллоев. Муовини раиси Ҷамъияти дӯстии музофоти Гансуи Чин бо кишварҳои хориҷӣ Ван Шиман сафари ҳайати чиноиро ба Тоҷикистон омили муҳими густариши ҳамкориҳои ҷамъиятҳои дӯстии ҳарду кишвар арзёбӣ кард. Дар анҷоми мулоқот лоиҳаи “Протоколи ҳусни ният” аз тарафи раиси Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев ва муовини раиси Ҷамъияти дӯстии музофоти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин бо кишварҳои хориҷӣ Ван Шиман ба имзо расид.

Декабрь 18, 2014 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад