Баргузории маросими супоридани кумаки техникӣ дар АНМН
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-29 декабри соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори агентӣ Рустам Назарзода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон И.С. Лякин-Фролов ва намояндаи расмии ХФНМН Русия дар ҶТ М. Килясханов баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот дар чорчӯбаи иҷрои Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати маводи нашъаовар нисбат ба расонидани кумак ба агентӣ маъракаи супоридани мошинҳо, воситаҳои техникӣ, либосҳои низомӣ, таҷҳизот аз номи Хадамоти Федеролии Русия оид ба назорати маводи нашъаовар гузаронида шуд. Инчунин тибқи созишнома сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ харид шуда, таъмир ва гузаронидани низоми гармидиҳии бинои маъмурии агентӣ ба анҷом расид. Директори агентӣ ба сафир ва намояндаи расмии Хадамоти Федеролии назорати маводи нашъаовари Русия барои дастгирии техникӣ сипосгузорӣ намуда, ба ҳамкории дуҷониба байни ду идора дар соҳаи муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.
И.С. Лякин-Фролов ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ишора намуда, ба кӯшишҳои агентӣ дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар баҳои баланд дод.
Бояд зикр намуд, ки натиҷаи мусбати дастгирӣ дар соли 2014 миқдори маводи нашъаовари мусодирашуда 18,5 % афзоиш ёфта, миқдори парвандаҳои ҷиноие, ки ба суд фиристода шудаанд, ба 15,5 % зиёд шуд. Шумораи шахсони дастгир гардида — 21,3%, шахсони ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардида, 15,5% зиёд гардидааст.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






