Боздиди Масъуди Аҳмадванд аз ДДХ

Декабрь 4, 2014 11:09

Душанбе, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз мулоқоти ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов бо вобастаи фарҳанги Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд Масъуди Аҳмадванд сурат гирифт.
Алҳол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ду маркази мутолеотӣ бо имконоти замонавӣ, аз ҷумла бо компютер, интернет, моҳвора, китобхона бо теъдоди беш аз 1000 унвон китоб дар заминаи адабиёт ва китобхонаи электронӣ бо беш аз 60 ҳазор адад  китоби фарогири соҳаҳои  адабиёт, таърих, химия, физика, математика, энергетика таъмин мебошад. Ҳамчунин барои чопи китобҳои устодони донишгоҳ кумак карда шудааст. Устодони донишгоҳ дар курсҳои  бозомӯзӣ ва такмили ихтисос  дар Эрон иштирок намуда, ҳамчунин имкони иштирокро дар ҳамоишу намоишгоҳҳои байналмилаии Эрон ва дигар кишварҳои минтақа ба даст овардаанд. Дар баргузории маҳфилҳои бузургдошти шоирони адабиёти классик ва муосир, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Хайём, Ҳофиз, Мавлоно, Фурӯғи Фаррухзод, Лоиқ Шералӣ   саҳми шоиста гузошта шудааст. Давраҳои омӯзиши алифбои ниёгон ба роҳ монда шудаанд.
Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов аз самараи неки ҳамкорӣ қаноатмандӣ изҳор намуда, таъкид сохт, ки равобити дуҷонибаро тақвият бояд дод. Масъуди Аҳмадванд  бо ишора аз Наврӯзи байналмилали 2015, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад,  изҳор дошт, ки вобастагии фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар якҷоягӣ бо донишгоҳ бо иҷрои барномаҳои мухталифи  муштараки илмӣ ва фарҳангӣ барои боз ҳам наздиктар сохтани муносиботи фарҳангии байни Тоҷикистон ва Эрон талош мекунад  ва омодагии худро барои ҳар навъ ҳамкории илмиву фарҳангӣ бо ин тадрисгоҳ эълон медорад. 
 
 

Декабрь 4, 2014 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад