Боздиди Президент аз Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб қарор дорад, ташриф оварда, бинои нави иловагии онро ифтитоҳ намуд ва ба бошандагони он, ки асосан кӯдакону наврасони маъюбанд, туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард.
Чунонки иттилоъ доданд, ин бино бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи чанд соли охир бо харҷи 6,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо таҷҳизоти замонавии табобату тавонбахшии кӯдакони маъюб муҷаҳҳаз карда шудааст.
Бинои нави маҷмаа ба маркази таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо тааллуқ дорад, ки дорои навтарин таҷҳизот ва беҳтарин шароити таълим, тарбия ва ба кори мустақилона раҳнамун сохтани кӯдакони маъюб мебошад.
Маҷмаа ҳамчунин дорои маркази тавонбахшӣ аст. Ҳарду марказ барои қабул ва хизматрасонӣ ба 240 нафар кӯдакони маъюб дар як вақт пешбинӣ шудаанд.
Дар ин ҷо толору утоқҳои зиёди таълиму мустақилсозии маъюбон, аз ҷумла утоқҳои логопедӣ, сенсорӣ, обдармонию омӯзиши шиноварӣ, расмкашӣ, дармонбахшӣ бо мусиқӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки бо завқи баланд ва риояи нозукиҳои касбӣ таҷҳиз шудаанд.
Дар як утоқ компютерҳои дорои барномаҳои махсуси таълиму тавонбахшӣ ба маъюбон гузошта шудаанд.
Якчанд утоқ барои омӯзиши рӯзгордории миллии тоҷикӣ ва аврупоӣ ва ҳам ҳунарҳои зебо пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи ин дар асоси супориш ва ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад, муҳайё шудааст.
Дар толори калони ин муассиса, ки хеле зебову муҷаҳҳаз аст, ба ҳамаи бошандагони он аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона ва бозичаю шириниҳо супурда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо роҳбарияту кормандони ин муассисаи иҷтимоӣ, аз ҷумла таъкид дошт, ки ба ин кӯдакони маъюбу ниёзманд бо меҳрубонии падарумодарона муносибат кунанд, зеро ин кори басо хайру савоб аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






