Фағонӣ хостори тавсеаи равобити парлумонӣ шуд

Декабрь 12, 2014 14:40

      Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тавсеаи равобити парлумонии Тоҷикистону Эрон 12 декабр дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳуҷҷатулло Фағонӣ- Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт.
       Раиси Маҷлиси намояндагон ба дипломати эронӣ дар бораи фаъолияти парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, таъкид намуд, ки заминаи ҳуқуқӣ ва қонунии тамоми пешрафтҳои иқтисодиву сиёсие, ки дар кишвари мо тӯли солҳои охир ба вуҷуд омадаанд, тавассути вакилони  Маҷлиси намояндагон фароҳам оварда шудаанд. 
         Бо дахли масоили тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки Эрон аз нахустин кишварҳоест, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 1992 ба расмият шинохт ва муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. 
    Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон нақши Эронро ҳамчун миёнҷӣ дар истиқрори сулҳу ваҳдати миёни тоҷикон арзишманд арзёбӣ намуд.  Мавсуф афзуд, ки байни Тоҷикистон ва Эрон ҷиҳати густариши равобити иқтисодӣ ва соири бахшҳо шароит ва заминаи ҳуқуқӣ вуҷуд дорад. Ба имзо расидани  беш аз 100  санади ҳамкорӣ, фаъолияти корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон далели тавсеаи равобити ду кишвари ҳамзабон буда, дар ин замина ҳаҷми умумии савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Эрон  солҳои охир хеле афзоиш ёфтааст. Ш. Зуҳуров ба дипломати эронӣ гуфт,  итминони комил дорам, ки шумо ҳамчун сафири нав ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи дипломатияи  Эрон  бобати густариши равобити судманди Душанбею Теҳрон дар оянда хидмати арзишманде хоҳед кард.
              Сафири фавқулода ва мухтори  Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳуҷҷатулло Фағонӣ густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин аҳдоф арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва мазҳабӣ байни ду миллати бародари тоҷику эронӣ барои таҳкими чунин ҳамкориҳо заминаи фаровонро фароҳам меорад. 
          Дар мулоқот ҳамчунин бар зарурати истифода аз таҷрибаи якдигар дар заминаи таҳия, эҷод ва қабули қонунҳо ва дигар санадҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ таъкид шуд.
  Мусоҳибон дар фарҷом аз сатҳи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ намуда, хостори боз ҳам густариши бештари ҳамкориҳо дар ин замина шуданд.     
 
 

Декабрь 12, 2014 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад