Фашизми асри XXI

Декабрь 22, 2014 16:50

Душанбе, 22.12.2014 (АМИТ “Ховар”).- Амали нангини террористие, ки рӯзи 16 декабри соли 2014 дар шаҳри Пешовари Покистон рух дод, тамоми дунёи мутамаддинро ба таҳрик овард. Ин амал бешубҳа аз кирдорҳои фашистони гитлерӣ, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди мардумони Иттиҳоди Шуравӣ анҷом медоданд, бераҳмонатару разилонатар мебошад.
 
Он рӯз як гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз нуҳ нафар дар либоси низомии давлатӣ ба яке аз мактабҳо, ки дар он ҷо 500 хонандагону муаллимон ҳузур доштанд, ҳуҷум карда, тақрибан 300 нафари онҳоро ба фалокат гирифтор карданд, ки аз ин миён нисфашон ба қатл расиданд ва нисфи дигар захмӣ шуданд. Ин гуруҳ эълом доштанд, ки фиристодагони ҳаракати ба истилоҳ исломии «Таҳрики толибони Покистон» мебошанд ва ин амали онҳо ҷавобан ба ҳуҷуми ҳарбиёни давлатист, ки дар моҳи сентябр алайҳи онҳо сурат гирифта буд. “Таҳрики толибони Покистон” ҷамъияти ҷангии исломист, ки соли 2007 ташкил шудааст. Он дар ҳудуди минтақаҳои қабиланиши Покистон ва баъзе минтақаҳои ҷанубии Афғонистон ҷойгир буда, қисми зиёди гуруҳҳои террористии покистониро дар атрофи худ гирд овардааст. Мақсади ниҳоии онҳо барқарор намудани қонунҳои шариат, берун кардани қувваҳои НАТО аз Афғонистон ва сарнагун кардани ҳукумати феълии Покистон аст.
 
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври аёну ошкоро дид ва равшану возеҳ дарк намуд, ки амали нангини мазкур ҳалқаи навбатӣ дар силсилаи фитнаву тавтиаҳои тарҳрезишуда аз ҷониби неруҳои зиддиинсонӣ ва душманони башарият аст, ки ин дафъа дар кишвари ба мо дӯсти Покистон алайҳи мардуми ватанпарвару осоиштаи он анҷом дода шуд. Ҳадафи ин амали мудҳиши террористӣ кудакони бегуноҳу бесилоҳ қарор гирифтаанд. Дар асари ин амали ирҳобӣ шумори зиёде аз онҳое, ки ҳеч гуноҳе надоштанд, алалхусус наврасон аз ҷони навҷавони худ маҳрум гаштанд, хонадонашон ба мотамкада табдил ёфта, падару модарон ва наздикону пайвандонашон хун мегирянд.
 
Душманони сулҳу осоиштагӣ ва неруҳои палиди аҳриманӣ хусусан баъди фурупошии давлати шуравӣ ва якқутба гаштани ҷаҳон баҳри дастёбӣ ба мақсадҳои шуму нопокашон аз усули хеле ҳам дерина ва озмудашуда дар тули таърихи башарӣ – омили динӣ истифода мекунанд ва то андозае ба он ноил ҳам шуданд.
 
Албатта, дар ин мусибати имрӯзҳо ба сари мардуми мусулмони Покистону Афғонистон омада қабл аз ҳама худи эшон гунаҳгоранд, зеро аз рӯи содалавҳиву ҷаҳолат ва камсаводиву бедонишӣ ба тавтиаи душманони худ ва ба доми макру фиреби онҳо афтода, беихтиёр иҷрокунандаи нақшаҳои шуми онҳо гаштаанд. Тибқи фарҳанги исломӣ, «Бани Одам аъзои як пайкаранд» ва «муъмин бародари муъмин аст», вале ҳоло мебинем, ки баръакс мусулмон пайкари худро хуншор карда истодааст, бародари мусулмони худро кушта истодааст. Ин тоифаи хунхор танҳо ба қатлу ғорат сухтану нобуд кардан қодир буда, ба касе, ҳатто ба кудакон раҳм надоранд.
 
Дар ҳошияи ин ҳама фалокату мусибати ба сари мардуми Покистону Афғонистон омада бояд мо, мардуми тоҷик ҳам ҳушёр шавему аз оқибати ҳалокатбори тафриқаандозию фирқагароӣ амиқ биандешем. Имрӯзҳо моро мебояд, ки бедорию зиракиро аз даст надиҳем ва набояд фирефтаи шиорҳои дуруғини ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба зоҳир исломию дар асл экстремистию террористӣ шавем.
 
Оё дар дохили халқи қариб саросар мусулмони Тоҷикистон зарурат ба ҷудо кардани бахше аз он дар як ҳизби динӣ вуҷуд дорад ё не? Ҷавоб ба ин савол комилан равшан аст: Не, ягон зарра зарурат вуҷуд надорад! Ормонҳои динии халқи Тоҷикистон озодона амалӣ шуда истодаанд ва ниёзе ба ягон дахолати неруи сиёсии хислати динидошта ба умури эътиқодии ӯ низ вуҷуд надорад.
 
Сарқонуни кишвар инсонро арзиши олӣ, яъне мавҷуди қиматтарин, балки бебаҳо ва ҳаёту қадру номуси ӯро дахлнопазир эълон карда, озодии эътиқодро ба ҳар фарди ин сарзамин кафолат додааст. Дар сархатти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки як навъ оҳанги эъломиявӣ дорад, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар фарҳанги халқи тоҷик таъкид гаштааст. Давлат барои қонеъ гардонидани ниёзҳои эътиқодӣ, аз ҷумла, анҷом додани тамоми аркони ислом, фароиз ва расму оинҳои динӣ шароити заруриро муҳайё сохтааст.
 
Вориси қонунии фарҳанги ғании мардуми тоҷик ҳам худи халқ ва баёнгари ормонҳои диниаш сарвари хирадманди интихобкардааш аст ва ягон кас, ягон гурӯҳу ҳизби ҷудогона ҳақ надоранд, ки худро вориси нохондаи ин фарҳанг хонда, аз номи он сухан гуянд.
 
Мо, кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик амали террористии рӯзи 16-уми декабри соли равон дар яке аз мактабҳои шаҳри Пешовари Покистон аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи ба ном «Таҳрики Толибон Покистон» анҷомдодаро, ки боиси ҳалокати беш аз 150 нафар хонандагон ва захм бардоштани беш аз сад кудаки дигар гардид, шадидан ва қотеона маҳкум менамоем. Шарикии худро дар ғаму андуҳи бузург ва мотами мардуми ба мо дӯсти Покистон иброз дошта, бо умеди тасалият онҳоро мутмаин сохтанием, ки душманону бадхоҳонашон хору забун ва шармсори ду ҷаҳон хоҳанд гашт.
 
Бори дигар таъкид менамоем, ки имрузҳо мо бояд дар атрофи Сарвари интихобнамудаи худ муттаҳид шуда, баҳри ҳифзи озодию ободӣ ва сулҳу суботи кишварамон ба паҳн гардидани ҳар гуна ақидаҳои бегонаи динӣ ва таъсиру фаъолияти гуруҳҳои террористию ифротӣ дар кишварамон роҳ надиҳем.Сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии Тоҷик номзади илмҳои таърихНурмуҳаммад Амиршоҳӣ

Декабрь 22, 2014 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуд
Роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб таҷдиду навсозӣ мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок дорад
РӮЗИ ДОНОРӢ. «Тоҷикаэронавигатсия» дар ҳамкорӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун чорабинӣ доир намуд
Соҳаҳои маорифу тандурустии шаҳри Турсунзода ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода мешаванд
Ҳунармандони тоҷик соҳиби дипломи Фестивали байналмилалии атлас ва адрас дар Марғелон гардиданд
Дар Душанбе масоили омодагӣ ба Конфронси тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба гуногунии биологӣ баррасӣ шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси илмию амалӣ оғоз гардид
Дар саросари ҷаҳон афзоиши ҳолатҳои инсулт ошкор гардид
Интернети боз ҳам бештар: оператори «Анор» тарофаҳоро такмил дод