Кӣ 10 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад?
Душанбе,15.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Бештари нафақахӯрони ҷумҳурӣ имрӯзҳо шикоят аз он доранд, ки онҳо нафақаи кам мегиранду бархе аз нафақахӯрон то 10 ҳазор сомонӣ ва аз он ҳам зиёд нафақа доранд ва боз бар замми ин кор карда, маош мегиранд.
Кӣ 10 ҳазор сомонӣ нафақа мегирад?
Дар мавриди масъалаи нобаробарии тақсими нафақа муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ Назокат Одинаева чунин ибрози андеша намуд: «Бале, дар Тоҷикистон шахсоне ҳастанд, ки то 10 ҳазор сомонӣ нафақа мегиранд. Ба ин табақаи нафақахӯрон маъюбоне рост меоянд, ки то 16 апрели соли 2012 ва то 1 январи соли 2013 ба онҳо гурӯҳи маъюбӣ муқаррар гаштааст. Дар ин ду ҳолат маҳдудият барои нафақаи маъюбӣ набуд ва 16 апрели соли 2012 тағйирот ба қонун пешниҳод шуда, аз 1 январи соли 2013 Конуни ҶТ «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ гашт, ки барои таъйини нафақаҳои маъюбӣ тағйирот ба миён омад. Акнун дар ҳолати гум кардани қобилияти корӣ аз саҳми гузоштаи корманд нафақаи маъюбӣ таъйин мегардад, ки андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ тибқи он начандон зиёд аст. Аз ҷумла, дар Тоҷикистон ба нафақахӯрон барои хизматҳои махсус иловапулӣ ба нафақа таъйин мегардад. Ин иловапулӣ ба нафақа аз 3 то 6 нишондиҳандаро ташкил дода, ба нафақа илова мегардад, ки дар ҷумҳурӣ 1 нишондиҳанда 40 сомониро ташкил медиҳад, яъне чунин нафарон аз 120 то 240 сомонӣ иловапулӣ гирифта метавонанд.Ба гуфтаи Н.Одинаева ҳолатҳое ҳастанд, ки дар асоси Қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҳангоми таъйини нафақа маҳдудият вуҷуд надошта, дар чунин ҳолат тамоми фаъолияти коргар ба ҳисоб гирифта шуда, аз саҳми гузоштаи ӯ андозаи нафақааш муайян мешавад.
Нафақа зиёд мешавад?
Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 19 ноябр Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015-ро баррасӣ ва қабул намуданд. Вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбонов зикр намуд, ки: «Ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини нафақа дар соли 2015 -2,9 миллиард сомонӣ бо афзоиши 198 миллион сомонӣ равона мешавад».Вале дар ин радиф маълум нест, ки оё нафақапулии аҳолӣ зиёд мешавад ва бевосита кӣ сазовори нафақаи зиёд мегардаду кӣ боз дар зинаҳои поёнии иҷтимоию иқтисодӣ қарор хоҳад гирифт. Тавре ки муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ Назокат Одинаева иттилоъ дод, шумораи нафақахӯрон то 1 декабри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 618 ҳазору 915 нафарро ташкил медиҳад. «Ҳар моҳ аз ҷониби ҳар як раёсату шуъбаҳои агентӣ рӯйхати ном ба номи нафақахӯрон таҳия гардида, барои маблағгузорӣ ба агентӣ пешниҳод мегардад», -гуфт Н. Одинаева ва зикр дошт, ки ҳар моҳ шумораи нафақахӯрон каму зиёд мегардад ва сабаби онро ба фавтидани нафақахӯр ва ё аз ҷумҳурӣ кӯч бастани онҳо рабт дод.Сафаралӣ Наҷмиддинов, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ дар баррасии буҷаи ҷумҳурӣ гуфт, ки шумораи нафақахӯрон сол то сол афзоиш ёфта истодааст ва дар оянда низ афзоиш хоҳад ёфт. Сабаби инро С. Наҷмиддинов дар омилҳои зиёдшавии аҳолӣ ва инчунин дарозумрӣ, ки нисбат ба соли 2000 хеле баланд гардидааст, медонад. Дар дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ зиёд шудани шумораи нафақахӯрон ва дарозумрӣ ба назар мерасад. Бино ба иттилои Вазорати омор ва таҳлили Беларус, дар ин ҷо 2,6 миллион нафақахӯр умр ба сар мебарад, ки беш аз 25 фоизи ҳамаи аҳолии ин мамлакатро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 778 ҳазор нафар синнаш аз 60 то 69, 670 ҳазор аз 70 то 79, 202 ҳазор аз 80 то 89, беш аз 25 ҳазор нафар аз 90 то 99 ва 555 нафар синнаш аз 100 то 114 расидааст.
Ҷ.Ғозиев «Маъюби қалбакӣ надорем»
Мавриди зикр аст, ки аз шумораи умумии нафақахӯрон то 1 июли соли 2014 — 167 ҳазору 989 нафараш нафақахӯри маъюб мебошад.Бино ба маълумоти муовини сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат Ҷобир Ғозиев, аз теъдоди умумии маъюбон дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 834 нафар маъюби гурӯҳи 1-ум, 87 ҳазору 142 нафар маъюби гурӯҳи 2-юм ва 40 ҳазору 291 нафар маъюби гурӯҳи 3-юм мебошад. Маъюбони то 18 сола 26 ҳазору 118 нафарро ташкил медиҳанд. Дар 9 моҳи соли равон теъдоди маъюбоне, ки нахуст маротиба муоина гардидаанд, 6 ҳазору 430 нафарро ташкил дода, соли 2013 шумораи маъюбони нафақахӯр 6 ҳазору 732 нафар буд, ки нисбат ба соли 2014 -302 нафар маъюб кам шудааст. Сабаби кам гаштани шумораи маъюбони нафақахӯрро Ҷ.Ғозиев дар муолиҷа ёфтани маъюбон медонад.«На ҳар як шахс мехоҳад маъюб бошад, ғайр аз нуқсонҳои модарзодӣ ва бемориҳои ирсие, ки беморон гирифтор мешаванд, инчунин осебҳо дар истеҳсолот ва садамаҳои нақлиётӣ, ҳамаи маъюбон тибқи ҷараёни солимгардонӣ таҳти назорати табобатии духтурон буда, аз тарафи духтурони оилавӣ таҳти назорат муолиҷа мегарданд»,- гуфт Ҷ. Ғозиев. Бино ба гуфтаи мусоҳиб то ҳол дар фаъолияти кориаш ҳолатҳое, ки шахсе худро қалбакӣ маъюб номнавис карда бошад, рӯи кор наомадааст.
Нафақахӯрони қонуншикан
Н.Одинаева мегӯяд, ки баъд аз вогузор гардидани масъалаҳои таъйини нафақа ба агентӣ, ҳарчанд вақти зиёд нагузашта бошад ҳам, ҳолатҳое буданд, ки нафақахӯрон ҳангоми пешниҳоди маълумот оид ба музди меҳнат, баъзан бар хилофи қонун кор карда, мехостанд бо ин роҳ нафақаи ғайриқонунӣ гиранд, вале кормандони агентӣ ин қонуншиканиҳоро ошкор карданд. «Ҳарчанд пурра ҳам набошад, қисман ин мушкилот бартараф шуда истодааст. Пеш аз таъйини нафақа шахсе, ки ба синни ниҳоӣ расидааст, пурра ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод карда, дар асоси он кормандони масъул пурра маълумоти пешниҳодшударо таҳлил менамоянд ва баъдан ба ин нафар нафақа таъйин мегардад»,- афзуд муовини якуми директори агентӣ. Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 сармутахассиси Агентии суғурта ва нафақа дар ноҳияи Шаҳринав Ш. Тапоров аз шаҳрванд М. Абдуллоева барои ба расмият даровардани нафақа 300 доллар ба сифати пора гирифтааст. 30 январи соли 2014 суди ноҳияи Шаҳринав Ш. Топоровро ба маблағи 36 ҳазору 480 сомонӣ ҷарима карда, аз ҳуқуқи ишғол намудани мансаби муайян ба муддати 1 сол маҳрум сохтааст. Аз ҷумла, 1 июли соли 2013 нисбат ба Н. Ҷӯраев, собиқ сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии ноҳияи Ҷ.Расулов парванда барои сохтакорона ба шахсияти мавҷуднабудаи Алфонова тайёр кардани ҳуҷҷатҳои маъюбии гурӯҳи 2 бо назардошти гирифтани маблағи нафақа парванда кушода, сентябри соли 2013 суди шаҳри Чкаловск барои аз ӯ ситонидани 28 ҳазор сомонӣ ҷарима қарор баровардааст.
Ду қонун дар як самт
Ба гуфтаи Н. Одинаева, дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 2 санади меъёрии ҳуқуқӣ, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», ки аз 1 январи соли 2013 ба тасвиб расидааст, самти нафақаро дар мамлакат танзим менамояд. Дар асоси қонунгузории нафақа ба шаҳрвандон нафақаҳои меҳнатӣ, суғуртавӣ, иҷтимоӣ-меҳнатӣ, аз рӯи серфарзандӣ, инчунин маъюбӣ ва аз рӯи бесаробон мондан муқаррар мешаванд. «Дар ҷумҳурӣ дар ҳолати имрӯза нафақаи ҳадди ақал 130 сомонӣ ва нафақаи ҳадди ниҳоӣ 624 сомонӣ муайян шудааст. Нафақаи иҷтимоӣ барои нафароне таъйин мегардад, ки суғурта нашудаанд ва андоз насупоридаанд. Нафақаи ниҳоӣ 624 сомонӣ дар ҳолати имрӯза ба нафароне, ки собиқаи пурраи корӣ доранд, музди меҳнат гирифтаанд ва андоз супоридаанд, таъйин мегардад»,- иттилоъ дод Н. Одинаева. Дар муқоиса нафақаи миёнаи моҳона дар Ӯзбакистон дар соли 2012 — 123 000 сӯм, ё тақрибан 50 долларро ташкил дода, давлат феълан ба беш аз 6 миллион нафар нафақа медод, яъне тақрибан ба ҳар нафари панҷум. Тибқи қонуни Ӯзбекистон агар шахс аз собиқаи кории муайяншуда зиёдтар кор кунад, барои ҳар соли корӣ 1% зам мегардад. Дар Беларус дар муқоиса бо январи соли 2014 таъмини нафақа 3 фоиз ва дар муқоиса бо июли 2013- 5 фоиз кам шудаастДар Қазоқистон системаи омехтаи нафақа амалӣ буда, он аз навъҳои масъулиятнок ва ҷамъшаванда иборат аст. Аз 1 январи соли 2014 дар Казоқистон нафақаи заминавӣ — 9 983 танга; (соли 2013-9 330 танга), нафақаи ҳадди ақал — 20 782 танга; (соли 2013-19 066 танга); нафақаи ҳадди ниҳоӣ — 54 171 танга (соли 2013-67 509 танга) муайян шудааст.Бино ба иттилои расонаҳои хабарии Казоқистон беш аз 35 фоизи қазоқҳо аз ҳадди ақал камтар нафақа мегиранд. Тибқи пурсиши Mojazarplata.kz нафақаи пурсидашудагон ва наздикони онҳо камтар аз 24 047 танга мебошад.
Умед ба зиндагии арзанда
Ашраф Алохонови 27-сола, сокини шаҳри Душанбе маъюби гурӯҳи дуюм буда, 130 сомонӣ нафақа мегирад. Вай низ дар орзуи зиндагии арзанда ба воситаи радио аз шахсони сарватманд хоҳиш намудааст, ки ба ӯ кумаки молиявӣ расонанд. Бародари Ашраф Асрор низ маъюб мебошад. Ҳарду бародарон дар хурдсолӣ ба касалии фалаҷ гирифтор шуда, аз ҳамон давра маъюб гаштаанд. Ба гуфтаи Ашраф ҳоли вай аз бародараш каме беҳтар асту вай бе кумаки наздикон, ҳарчанд каҷу килеб ҳам бошад, ҳаракат мекунад, вале Асрор умуман бо пой рост истода наметавонад. «Мо ҳарду бо бародарам 130 сомонӣ нафақа мегирем, вале ростӣ ин пул ба мо кифоягӣ намекунад. Моҳи гузашта модарам нафақаамонро гирифта, пули барқро пардохт намуд. Акнун дар фасли сармо ғайр аз хӯрокӣ, ба мо боз либос, ҳезуму ангишт барои гарм кардани хона лозим аст»,-мегӯяд Ашраф. Ба гуфтаи модари Ашраф- Тӯтихон Саидова зиндагӣ барои онҳо солҳои охир душвортар гаштааст. «Шавҳарам аввалҳо кори хуб дошт ва мо ба нафақаи ин ду писари маъюбамон эҳтиёҷ ҳам надоштем. Вале пас аз бекор мондани шавҳарам зиндагиамон рӯз то рӯз бад шуда истодааст. Боз бар замми ҳамаи ин шавҳарам аз бонк барои пеш бурдани кораш пул қарз гирифта, хонаамонро ба он бонк амонат гузоштааст. Кораш омад накарду акнун ҳар моҳ кормандони бонк бо талаби пулу фоизҳо ба хонаи мо меоянд. Шукри он ки якчанд хешу таборамон моҳи гузашта кумак карда, пули бонкро супориданд, акнун моҳи дигар намедонам боз чӣ кор мекунем. Хешу табор ҳам наметавонанд як умр ба мо кумак расонанд, охир онҳо ҳам зиндагӣ доранд»,- мегӯяд модари Ашраф. Имрӯз ба оилаи Ашраф танҳо бародари калониаш, ки дар Русия дар сохтмон кор мекунад, кумак мерасонад. Вале вай ҳам соҳиби зану 4 фарзанд буда, 20-24 ҳазор рубле, ки мефиристад, барои таъмини фарзандони хурдсолаш масраф мегардад. Ашраф дар суҳбат зикр кард, ки соли гузашта, рӯзи 5 сентябр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 800 доллари амрикоӣ кумаки яквақта расонида буд ва онҳо бисёр камбудиҳои худро бартараф намуданд. Ашраф мегӯяд, ки вай намехоҳад сарбории падару модараш бошад, вале бо пойҳои маъюбаш наметавонад мустақилона аз хона дур рафта, дар ягон ҷо кор ҷӯяд. Аз ҳамин сабаб аз ҳамаи соҳибкорону тоҷирон хоҳиш дорад, ки барои кушодани як дӯконча дар назди хонааш кумак кунанд: «Агар як дӯконча медоштам, дар он ҷо ба савдо машғул мешудам, бародарамро ҳам ба наздам мебаровардам, ӯ ҳам рӯзи дароз дар хона зиқ намешуду ба ман кумак мекард»,-мегӯяд Ашраф.
На ҳар маъюб мӯҳтоҷи кумак аст
Кудратулло Зиёдалиев, сокини ноҳияи Фархор низ маъюби гурӯҳи 1 буда, модарзод нобино мебошад. Вай ҳам чун бародарон Алохоновҳо 130 сомонӣ нафақа мегирад. Вале вай мӯҳтоҷи ин ёрдампулӣ нест. Вай бо кумаки бародарон ва наздикон соҳиби хонаву оила гашта, дар айни замон соҳиби 4 фарзанд мебошад. «Агар ман ба ёрдампулӣ умед баста мешиштам, як кӯдакамро ҳам таъмин карда наметавонистам. Шукри Худо имрӯз бародарон ва наздиконам чӣ қадаре ки тавонанд, кумак мерасонанду бар замми ин, ман худам дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Фархор ба ҳайси сароянда фаъолият мекунам ва бо ин роҳ ризқу рӯзӣ меёбам»,-мегӯяд Қудратулло.
Чашм ба роҳи духтур…
Бале, на ҳамаи маъюбон нигарони нафақа буда, бархе аз онҳо имкони таъмин кардани худашонро доранду ба бисёриашон хешу таборон кумак менамоянд. Вале ҳастанд оилаҳое, ки имкони ба якдигар кумак расониданро надоранд. Ба гуфтаи модари бародарон Алохоновҳо, писараш Асрор ҳолати вазнин дорад, вале ӯро маъюби гурӯҳи 1 намекунанд. «Ҳарчанд мегӯянд, ки духтурон барои муолиҷа бояд ба хонаҳои маъюбон биёянд, вале касе ба хонаи мо намеояд. Ба мо мегӯянд: «Агар хоҳед, ки писаратонро маъюби гурӯҳи 1 кунем, ба Комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (ВТЕК) биёред, то аз комиссияи тиббӣ гузарад, -вале ман шароити ба онҷо бурдани шахсеро, ки роҳ гашта наметавонад, надорам»,- мегӯяд модари Ашраф. Ашраф мегӯяд, ки як моҳ зиёд аст, ки сараш ва чашмонаш дард мекунанд, гоҳе фишораш баланд мешавад. Вале то замоне ки мо ба аёдати бародарон Алахоновҳо рафта будем, ягон духтур аз Маркази солимгардонии рақами 11-и шаҳри Душанбе ба хонаи онҳо наомада буд, ҳарчанд чанд маротиба онҳоро модарашон даъват карда буд. Ба гуфтаи модари Ашраф вай худаш «духтур» шудаасту ҳангоми касалшавии фарзандонаш худаш аз пеши худ дору мехараду духтуронро дигар интизор ҳам намешавад. Вале муовини сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат Ҷобир Ғозиев мегӯяд: «Тибқи низомнома ва дастурамалҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ духтурҳои оилавӣ ҳар як маъюбро дар як муҳлати муайян бояд барои азназаргузаронӣ даъват кунанд ва шахсоне ки худашон омада наметавонанд, ба хонаҳояшон рафта, дидорбинӣ намоянд. Дар равиши солимгардонӣ ба онҳо роҳхатҳо барои истироҳат дар осоишгоҳҳо диҳанд. Онҳо бояд аз ин роҳхатҳо огоҳ бошанд». «Тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳамаи маъюбон имтиёз доранд. Дар ягон беморхона бемор барои додани таҳлилҳои озмоиш барои муоинаи духтур бояд маблағ надиҳад. Мо ба ҳамаи маъбон маълумотномаи силсиладор медиҳем, ки ҳангоми нишон додани он аз вай маблағ гирифта намешавад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳатто компютери томографӣ барои маъюбон бепул буда, то ҳол ба ман ягон нафар маъюб бо ин мушкилӣ шикоят накардааст»,- илова намуд Ҷ.Ғозиев.Вале апаи Ҳусноро, маъюби гурӯҳи дуюм мегӯяд, ки имсол ҳангоми аз назорати духтур гузаштан ӯ аз додани пул ба духтур, ки азназаргузарониаш 35 сомонӣ нарх дошт, саркашӣ намудааст. Духтур барои ин «бедодгарӣ»-и маъюб ба ӯ маълумотнома дар бораи сиҳат буданро додааст. «Ман беш аз 8 беморӣ дорам, вале он духтур барои надодани маблағ ба ман чунин навишт. Вале таҳлилҳои озмоишию томографӣ бемориҳои маро ошкор карданд», -мегӯяд ҷабрдида. Интихоб: Нафақа ё маош
Нобаробарию кашмакашҳо атрофи нафақа дар ҳамаи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба назар мерасанд. То ҳол дар кумита ва комиссияҳои Думаи давлатии Федератсияи Русия баррасии лоиҳаҳо оид ба ислоҳоти нафақа идома доранд, ки мавзӯи асосии он кор кардани нафақахӯрон пас аз ба синни нафақа расидан мебошад. Русия ин мушкилиро мехоҳад бо зиёд намудани синни ба нафақа баромадан ҳал намояд. «Мо бояд синни нафақаро зиёд намоем,- изҳор дошт иқтисодчии Муассисаи давлатии «Мактаби олии иқтисодӣ» Евгений Ясин ба яке аз расонаҳои хабарӣ. Аз рӯи пешгӯиҳои вай агар ин кор анҷом дода нашавад, фосилаи байни нафақахӯрон ва дигар аҳолӣ боз ҳам бештар мегардад. «Мо бештар гардидани камбизоатӣ дар байни пиронсолонро мушоҳида хоҳем кард, ки ин шармандагӣ барои давлат мебошад»,-мегӯяд Ясин.Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, нафақа ба нафақахӯроне, ки кор мекунанд, пурра пардохта мешавад. Ба нафақахӯроне, ки аз соли 2015 ба нафақа мебароянд, нафақапулӣ аллакай аз рӯи қоидаҳои нав ҳисобӣ мешавад. Мақсади асосии стратегияи нави нафақавӣ-ин ҳавасмандкунии шахс барои фаъолияти тӯлонӣ кардан мебошад. Яъне, ҳар кадаре ки шахс дертар ба нафақа барояд, ҳамон қадар нафақаи бештар гирифта метавонад. Агар шахс пас аз ба синни нафақа расидан барои гирифтани нафақа муроҷиат накарда, боз 3 сол фаъолият кунад, нафақаи суғуртавии вай 24 % зиёд мегардад. Агар пас аз ба синни нафақа расидан бе гирифтани нафақа боз 8 сол кор кунад, қисми суғуртавиаш ба 90 % хоҳад расид. Вале бино ба гуфтаи Н.Одинаева, дар ҶТ нисбат ба шахсоне, ки нафақа мегиранд ва дар радифи он фаъолияти корӣ доранд, ягон санади меъёрию ҳуқуқӣ ба тасвиб нарасидааст. «Нафақахӯре, ки қобилияти корӣ дорад, вай ҳуқуқи ҳам кор кардан ва ҳам нафақа гирифтанро дорад. Корманде, ки қобилияти кориашро гум мекунад, метавонад дигар кор накунад»,-илова кард мусоҳиб.
Муҳоҷир нафақа намегирад.
Имрӯз бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Агар ин аз як тараф шароити мусоид барои кор дар ин кишварро фароҳам орад, аз тарафи дигар барои гирифтани нафақа дар айёми нафақабароӣ заминаи хуб мебошад, зеро ба гуфтаи чунин ашхос нафақае, ки онҳо аз хориҷи кишвар мегиранд, нисбат ба нафақаи Тоҷикистон зиёдтар мебошад. Вале муҳоҷиронеро, ки бе душаҳрвандӣ дар хориҷи кишвар солҳои зиёд кор мекунанд, пас аз ба синни нафақа расидану ба ватан баргаштан чӣ интизор аст?Ба гуфтаи Н.Одинаева: «Муҳоҷире, ки ба синни нафақа мерасад, ҳангоми бозгашт ба ватан вақти муроҷиат барои таъйини нафақа ба он шахс аз рӯи маълумотҳои пешниҳодшуда нафақа таъйин мегардад. Яъне, аз рӯи дафтарчаи меҳнатӣ ва маълумоти музди меҳнате, ки дар Тоҷикистон фаъолият кардааст ва суғурта шудааст. Ҳангоми пешниҳод нагардидани маълумоти музди меҳнат ва ё дафтарчаи меҳнатӣ ба он шаҳрванд ҳангоми расидан ба синни нафақа-нафақаи иҷтимоӣ муайян мегардад. Яъне, фаъолияте, ки шаҳрванди Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ кардааст, ба инобат гирифта намешавад». «Дар айни ҳол агентӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор сари ин масъала кор бурда истодааст ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия барои ҳалли ин масъала кӯшиш дорад», -илова намуд мусоҳиб. Умуман, мушкилот дар самти нафақагириву ба нафақа баромадан зиёданд, вале масъулони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа кӯшиш доранд ҳамаи онро бартараф намоянд. Ба гуфтаи онҳо ҳамаи кори онҳо дар чаҳорчӯбаи қонун мебошад. Вале ин мушкилии маъюбону нафақахӯрони бесаробонро ҳал нахоҳад кард. Ҳарчанд дар кишвар беш аз 600 ҳазор нафақахӯр бошад ҳам, на ҳамаи онҳо мӯҳтоҷанд, зеро бештарашонро фарзандон таъмин менамоянду нисфи дигар худ кор мекунанд. Хуб мешуд, агар дар ин самт шахсони сарватманду тоҷирон, ширкатҳои калони давлатию ғайридавлатӣ саҳм гузошта, дар ҳалли ин мушкилӣ кумаки худро расонанд. Агар ҳар нафари масъул ба нафақахӯру маъюбе, ки ҳақиқатан ба кумак ниёз дорад, дасти сахо дароз намояд, камбизоатӣ дар Тоҷикистон каме ҳам бошад, паст мешавад.