Конибодом: ҷамъбасти рӯзҳои раёсати маориф

Декабрь 2, 2014 11:33

Душанбе, 2.12.2014. (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки  директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва мудирони кӯдакистонҳо  Рӯзҳои раёсати маорифи вилоят дар муассисаҳои таълимии шаҳр  ҷамъбаст гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, зимни  ҷамъбаст кормандони масъули раёсати маорифи вилоят доир ба натиҷаи  сатҳи дониши хонандагон ва ҳолати таълиму тарбия дар 15 мактаби шаҳр ва 5 кӯдакистони омӯхташуда,  ҷараёни татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, беҳтар намудани  сифати корҳои тарбиявӣ дар баӣни хонандагону тарбиятгирандагон, ташкили курсҳои омодагии хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти  миёна барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тибқи низоми нав, омодагӣ ба давраи зимистон, риояи либоси ягонаи мактабӣ сухан гуфтанд.
Муовини раиси шаҳр  Бурҳониддин Ҷабборӣ ва муовини сардори раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ  барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи хонандагон супоришҳои қатъӣ доданд.
 

Декабрь 2, 2014 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад