Кумаки Тоҷикматлубот ба кӯдакони деҳоти дурафтода

Декабрь 24, 2014 15:59

Хоруғ, 24.12.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Бахши вилоятии Тоҷикматлубот ба яке аз мактаб-интернатҳои дурдасти кишвар мактаб- интернати деҳаи Башкомбези ноҳияи Мурғоб  кумак дар намуди маводи озуқа ва батареяҳои офтобӣ ба маблағи умумии ҳашт ҳазор сомонӣ   расонд. Дар мактаб- интернати мазкур 26 нафар хонанда, ки дар деҳоти дурафтода аз ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Дар остонаи ҷашни соли нави милодӣ аз ҷониби раёсати Тоҷикматлубот ба интернати мазкур ду адад батареяи офтобӣ ва маҳсулоти хӯрокӣ аз намуди орду равған, шакару биринҷ ва амсоли ин дастрас шуд.
Директори мактаб интернати мазкур ва раиси ҷамоати Аличори  ноҳияи Мурғоб барои чунин дастгирии ҳукумати мамлакат изҳори сипос карда, зикр намуданд, ки хонандагон ва умуман сокинони ҳам қирғизтабор ва ҳам тоҷиктабори ноҳияи Мурғоб аз кумакҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат бархурдор мебошанд.

Декабрь 24, 2014 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад