Марказҳои гирифтани сертификати забони русӣ барои муҳоҷирон
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Қонуни федералӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Федератсия Русия «Дар бораи низоми ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» қабул шуд, ки аз 1 декабри 2012 мавриди амал қарор дорад. Дар қонуни мазкур муқаррар шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд қабл аз гирифтани иҷозатномаи кор ё патент инчунин Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русияро пешниҳод намоянд.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, аз 1 январи соли 2015 тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки мақсади бурдани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русияро доранд, бояд ҳатман аз забони русӣ имтиҳон супоранд.
Дар филиали Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ марказҳои гирифтани сертификати забони русӣ амал мекунанд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ метавонад барои гирифтани сертификат ба ин марказҳо муроҷиат намояд.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 420 нафар мард ва 152 нафар зан соҳиби сертификати забони русӣ гардид. Бояд гуфт, ки сертификат ба муҳлати 5 сол эътибор дошта, аз ҷониби марказҳои таълимии Русия эътироф гардида, аз рўи натиҷаҳои имтиҳон дода мешавад. Дар натиҷа, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бе ягон мамониат соҳиби иҷозати кор ё патент гарданд.
Имрўз бозори меҳнати ҷаҳонӣ ба шахсони соҳибкасб ниёз дорад, барои ҳамин бояд забон омўхт, соҳиби касби муносиб гашт, баъд ба сафари хориҷа баромад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






