Марказҳои гирифтани сертификати забони русӣ барои муҳоҷирон

Декабрь 2, 2014 10:39

Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Қонуни федералӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Федератсия Русия «Дар бораи низоми ҳуқуқии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» қабул шуд, ки аз 1 декабри 2012 мавриди амал қарор дорад. Дар қонуни мазкур муқаррар шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ бояд қабл аз гирифтани иҷозатномаи кор ё патент инчунин Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русияро пешниҳод намоянд.
Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, аз 1 январи соли 2015 тамоми шаҳрвандони хориҷие, ки мақсади бурдани фаъолияти меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русияро доранд, бояд ҳатман аз забони русӣ имтиҳон супоранд.
Дар филиали Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ марказҳои гирифтани сертификати забони русӣ амал мекунанд. Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ метавонад барои гирифтани сертификат ба ин марказҳо  муроҷиат намояд.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ 420 нафар мард ва 152 нафар зан соҳиби сертификати забони русӣ гардид. Бояд гуфт, ки сертификат ба муҳлати 5 сол эътибор дошта, аз ҷониби марказҳои таълимии Русия эътироф гардида, аз рўи натиҷаҳои имтиҳон дода мешавад. Дар натиҷа, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд бе ягон мамониат соҳиби иҷозати кор ё патент гарданд.
Имрўз бозори меҳнати ҷаҳонӣ ба шахсони соҳибкасб ниёз дорад, барои ҳамин бояд забон омўхт, соҳиби касби муносиб гашт, баъд ба сафари хориҷа баромад.
 
 

Декабрь 2, 2014 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад