Муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатии занон

Декабрь 25, 2014 15:12

 
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бо ибтикори раёсати илм ва кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон  23 декабр дар донишкада дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатии занон: оқибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии он» мизи мудаввар доир гардид.
Тавре ки Машҳура Абдуллоева, сухангӯи донишкада иттилоъ дод, дар кори он  сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Бобоев дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатии занон: сабаб ва оқибатҳои он», Марҳабо Олимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Баъзе муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатии занон», Лариса Кислякова, сардори Ассотсиатсияи боркашонии автомобилии байналхалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Шиддатгирии муҳоҷирати меҳнатии занон», Саодат Мутиева, дотсент, директори Институти илмӣ-тадқиқотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Мушкилоти асосии омодасозӣ ва бозомӯзии занон дар Хадамоти шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, муаммоҳои муҳоҷирати меҳнатии занонро баррасӣ карданд.
Анвар Бобоев иброз дошт, ки дар 11 моҳи соли 2014 629 ҳазору 658 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст, ки нисбат ба солҳои пешин тамоюли камшавӣ дорад. Бояд гуфт, ки муҳоҷирати меҳнатии занон ҳам ҷиҳатҳои мусбат ва ҳам ҷиҳатҳои манфии худро дорад. Аз як тараф, хуб шудани вазъи иҷтимоӣ, таъминот бо ҷои кор, имконияти сармоягузорӣ, хонондани фарзандон, забономӯзӣ, васеъшавии ҷаҳонбинӣ ва аз тарафи дигар, иштироки нокифоя дар тарбияи фарзанд, гирифторӣ ба касалиҳои сирояткунанда, ҷудошавии оилаҳо, афзудани худкушиҳо ва ғайра.
 Марҳабо Олимова афзуд, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ корҳоро ҷиҳати ташкили фаъолияти соҳибкорӣ дар байни занон бо додани 80 грант дар ҳаҷми 2 млн. сомонӣ, кор карда баромадани Барномаи рушд барои занон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва бартараф намудани муаммоҳои муҳоҷирони меҳнатиро роҳандозӣ намудааст. Як таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатии занон- ин вайроншавии оилаҳо ва тарбияи носолими фарзандони партофташудаи муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, илова намуд М. Олимова.
Ҳамчунин дар ҳамоиш гуфта шуд, ки хусусияти хоси рушди равандҳои муосири муҳоҷиратӣ дар қувватгирии ширкати занон дар онҳо зоҳир мегардад. Имрӯз занони дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта умдатан дар бахшҳои ғайрирасмии иқтисодиёт ва хоҷагиҳои хусусӣ фаъолиятдошта дар фарқият аз мардони муҳоҷир бештар мавриди хушунат ва озор қарор мегиранд. Омили ин зуҳурот, аз як тараф, муҳоҷирати ғайриқонунии занон, аз тарафи дигар, шаклҳои махсуси хушунату тазйиқ, хавфи дучор шудан ба зӯроварии ҷинсӣ, қочоқи одамон, бетанаффус будани меҳнат дар доираи хонаводаҳо, доштани кӯдак ва амсоли инҳо мебошад.

 

Декабрь 25, 2014 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад