Намоиши «Зиндагинома» бо иштироки аҳли фарҳанг
Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши спектакли «Зиндагинома» аз рӯи асари нависанда ва драматург Абдуғаффор Абдуҷабборов дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистои Давлат Убайдуллоев доир шуд.
Намоиши мазкур ба 100- солагии композитори барҷастаи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида шуда, дар он намояндагони аҳли фарҳанг, дӯстдорони санъати волои мусиқӣ иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки ҷашни 100-солагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, дар як силсила кишварҳои олам ҳамовозӣ пайдо кардааст.
Ёдрас мешавем, ки Зиёдулло Шаҳидӣ, (1914-1985) композитори барҷастаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, дастпарвари студияи миллии Консерваторияи давлатии Маскав, яке аз асосгузорони санъати касбии мусиқии тоҷик, муаллифи даҳҳо сурудҳои машҳур, аз ҷумла «Ватан-Ватан», «Зи сӯзи сина», «Иди Зафар», асарҳои симфонӣ, достонҳои вокалӣ-симфонӣ, кантатаву оратория, вокалӣ-хореографӣ, камеравӣ-созӣ барои намоишномаҳои театрӣ, филмҳои бадеӣ, операҳои шӯҳратёри «Комде ва Мадан» ва «Ғуломон» мебошад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






