Натиҷагирии хабарнигорон аз мавсими имсолаи варзишӣ

Декабрь 22, 2014 10:01

Душанбе, 22.12.2014 (АМИТ «Ховар» Фарзонаи Давлат).-Дар ҳамоиши хабарнигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон, ки рӯзи 20-уми декабр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор гардид, мавсими варзишии соли 2014 натиҷагирӣ шуд.
Дар ҳамоиш дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ба хабарнигорони кишвар барои ҳамкориҳои пайваста бо кумита ва тарғиби ҳаракати олимпӣ изҳори сипос намуда, дар бораи натоиҷи ширкати варзишгарони тоҷик дар мавсими соли 2014 иттилоъ дод.  Ба гуфтаи мавсуф бузургтарин мусобиқоти имсола барои варзишгарони тоҷик Бозиҳои XVII осиёӣ буданд, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуданд.
Ба қавли Баҳрулло Раҷабалиев: «Дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ 90 варзишгари тоҷик аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, дзюдо, гӯштини озод ва юнониву румӣ, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, каратэдо, таэквондо ВТФ, вазнбардорӣ, камонварӣ ва ғайра ширкат карда, 5 медал (1 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.” 
Ёдовар мешавем, ки Дилшод Назаров дар гурзандозӣ дар сабқати мардон бо натиҷаи 77 метру 82 сантиметр мақоми аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз гашт. Залимхон Юсупов дар сабқати гӯштини озод дар вазни то 65 килограмм бо медали нуқра мукофотонида шуд. Дар сабқати таэквондо ВТФ байни мардон Фарҳод Неъматов дар вазни то 80 кг, Алишер Гулов дар вазни беш аз 87 кг ва миёни занон Моҳрӯ Ҳалимова дар вазни беш аз  73 кг ба мунтахаби Тоҷикистон се медали биринҷӣ  гирифтанд.
Умуман, варзишгарони 37 кишвар медалҳои Бозиҳои XVII осиёиро ба даст оварданд ва намояндагони 28 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамони бозиҳо мушарраф шуданд. Тоҷикистон бо касби 5 медал дар байни 45 кишвар дар ҷойи 23-юм қарор гирифт.
  Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки «Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони тоҷик имтиҳони ҷиддие буд пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия. Намояндагони Тоҷикистонро ба ин бозиҳо Кумитаи миллии олимпии кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва федератсияҳои миллии варзишӣ сафарбар намуданд. 
Бояд тазаккур дод, ки шумораи медалҳои ба даст овардаи варзишгарони мо нисбат ба теъдоди медалҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин як адад беш аст, инчунин аз ҷиҳати сифати медалҳо низ натиҷаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои XVII осиёӣ беҳтар мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Инчон нисбат ба Бозиҳои Гуанҷоу дар ҳисоби умумидастаӣ бо назардошти сифати медалҳо 5 зина боло шуд. Бояд гуфт, ки ин натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои осиёӣ аз соли 1994 то кунун мебошад.”
Баҳрулло Раҷабалиев инчунин ба хабарнигорон дар бораи нақшаҳои Кумитаи миллии олимпӣ барои соли 2015, ки ба он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекунад, иттилоъ дод. 
— Соли оянда, — иброз  дошт Б. Раҷабалиев, — варзишгарони  тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳониву  қитъавӣ ва байналмилалӣ ширкат  карда, барои дарёфти роҳхатҳо  ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ  дар Рио-де-Жанейрои Бразилия  мубориза мебаранд. Мо дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабр барпо гардид, рӯйхати 15 варзишгари беҳтаринро барои гирифтани идрорпулии олимпӣ тасдиқ кардем. Дар ин рӯйхат варзишгарони номдор, ба мисли гурзандоз Дилшод Назаров, муштзанҳо Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, гӯштингирон Залимхон Юсупов, Комроншоҳи Устопириён, Искандари Рустам, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, таэквондочиён Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова ва дигарон ҳастанд.”
   Дар ҳамоиш раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов ба намояндагони расонаҳои хабарии кишвар гуфт, бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа варзишгари маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров беҳтарин варзишгари сол дониста шуд. Вай афзуд: «Дилшод имсол дар 14 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, дар 12-тоаш медал ба даст овардааст. Дастоварди аз ҳама бузурги ӯ дар мавсими имсола медали тилло дар Бозиҳои 17-уми осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Вай гурзро ба масофаи 77 метру 82 сантиметр ҳаво дод ва барои бори севум ба унвони қаҳрамони Бозиҳои осиёӣ мушарраф гашт. Инчунин ӯ имсол дар мусобиқоти байналмилалӣ аз силсилаи «IAAF Hammer Throw Challenge» ғолиб ва ҷоизадор шуд.” 
Ба иттилои Нарзулло Латифов ба рӯйхати 10 варзишгари беҳтарини сол Залимхон Юсупов (гӯштини озод), Фарҳод Неъматов, Алишер Гулов ва Моҳрӯ Ҳалимова (ҳарсе оид ба таэквондо ВТФ), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо), Хушқадам Хусравов, Акмалиддин Каримов (ҳарду оид ба самбо), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (гӯштини кураш) ва Акмал Қодиров (армрестлинг, байни варзишгарони маъюб) дохил шуданд. 
«Вале, мутаассифона, ягон варзишгари Тоҷикистон дар  соли 2014 дар мусобиқоти қаҳрамонии  ҷаҳон дар навъҳои олимпӣ медал  ба даст наовард. Инчунин  имсол ягон варзишгари тоҷик  дар чемпионати Осиё дар риштаҳои  олимпӣ ба унвони қаҳрамонӣ  даст наёфт”, — иброз дошт  Нарзулло Латифов.
Дар анҷоми ҳамоиш ба беҳтарин хабарнигорони варзишии кишвар сертификатҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, инчунин ҷоизаҳои молӣ супурда шуд.
 
 

Декабрь 22, 2014 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 86 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Тоҷикистон аз рӯйи 344 номгӯйи ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд
Хиёбони Рӯдакӣ 57: манбаи имкониятҳои рақамӣ дар маркази Душанбе
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 44 дараҷа гарм мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад