Офиятбахшии шахсони имкониятҳояшон маҳдуд

Декабрь 4, 2014 15:32

Душанбе,  04.12.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- 2  декабр  дар  шаҳри  Душанбе  конфронси  миллӣ  оид ба  баланд  бардоштани  сифати   зиндагии шахсони   имкониятҳояшон  маҳдуди  Тоҷикистон  бо назардошти   офиятбахшӣ  дар  сатҳи  ҷамоаҳо баргузор гардид.
Конфронсро Вазорати   тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  ҶТ якҷоя  бо  дафтари Маркази созмони   умумиҷаҳонии  тандурустӣ  дар  ҶТ  ва иштироки вазоратҳои  дигари  дахлдор,  созмонҳои ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ва ташкилотҳои  маъюбон роҳандозӣ  намуданд. 
Агентии  ИМА  оид ба рушди байналмилалӣ, Барномаи  рушди Созмони  Милали  Муттаҳид  ва Хазинаи  кӯдакони Созмони  Милали  Муттаҳид рӯи  кор  овардани   конфронсро   фаъолона   дастгирӣ  намуданд. 
Дар  ин  бора  аз хадамоти  матбуоти  Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолии  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Дар  Тоҷикистон  офиятбахшӣ  дар   сатҳи  ҷамоаҳо   соли  1978 ба  ҳайси   стратегияи  беҳдошти  дастрасӣ  ба   хидматрасонии  офиятбахшии   шахсони  имконияташон  маҳдуд  ва истифодаи  пурраи   захираҳои  маҳаллӣ оғоз ёфта  буд.  Тайи  30  соли охир дар  ҳошияи  ҳамкорӣ  бо созмонҳои  СММ,  ташкилотҳои  ғайриҳукуматӣ  ва  созмонҳои  кор  бо  маъюбон  офиятбахшӣ  дар  сатҳи ҷамоаҳо  ба  стратегияи серсоҳа барои   қонеъ  гардонидани  талаботи   шахсони   имкониятҳояшон маҳдуд,  таъмини   иштироки онҳо  дар  амри  баланд  бардоштани  сифати  зиндагӣ  табдил  ёфт.
Конфронс   беш  аз  350  нафар   намояндагони  бахшҳои  мухталифи   саросари   кишвар   аз  рӯи  масоили   маъюбиятро  гирд  овард. Дар  он   масоили   мухталифи  маъюбият,  ҳамчунин  саъю  кӯшишҳо  ба  манзури  баланд  бардоштани  сифати  зиндагии шахсони  имкониятҳояшон  маҳдуд  ва  хонаводаҳои онҳо   баррасӣ  шуданд.

Декабрь 4, 2014 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад