Сабаби кам гаштани муҳоҷирати меҳнатӣ ба ФР дар чист?

Декабрь 17, 2014 15:41

Душанбе, 17.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). — Шумораи  шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки барои кор ба Федератсияи Русия сафар мекунанд, кам шуда, дар ду ҳафтаи сипаригашта тавассути тайёра ба самти Русия 10651 нафар шаҳрванди мамлакат раҳсипор шудааст, ки аз онҳо 2 ҳазору 388 нафарро зан ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи сардори Шуъбаи баҳисобгирии муҳоҷират ва назорати рафтуомади шаҳрвандон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Назрулло Бекназаров, бо фарорасии фасли сармо бисёре аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҷойҳои зисти доимии худ бармегарданд. 
Дар ду ҳафтаи сипаригашта аз қаламрави кишвари Русия ба Ватан 20 ҳазору 308 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ баргашт. Аз онҳо 4000 нафарро занҳо ташкил медиҳанд. Бо  сабаби вайрон кардани қонунҳои будубоши ин кишвар 32 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳудуди Русия  хориҷ шуд.
Бояд зикр намуд, ки аз 1 ноябри соли ҷорӣ терминали нави фурудгоҳи Душанбе барои мусофирон ба истифода дода шуд, ки дар он барои фаъолияти кормандони шуъба шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. 
 
 

Декабрь 17, 2014 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад