Семинари байналмилалии ”Мероси Абдураҳмони Ҷомӣ”
Душанбе, 01.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- 27 ноябри соли 2014 дар Маркази байналмилалии Ҳиндустон (Деҳлии Нав) бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ семинари байналмилалӣ дар мавзӯи ”Мероси Абдураҳмони Ҷомӣ” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба муносибатҳои фарҳангӣ (ICCR) ва Донишкадаи тадқиқотии ҳинду форсии Ҳиндустон (IIPS) гузаронида шуд.
Дар ҷамъомад сафир М.Ҷалолов оид ба мероси адабӣ ва эҷодиёти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ маърӯза карда, дар бораи аҳамияти эҷодиёти ӯ дар ташаккули адабиёти тоҷик, эҳтироми хоссаи мардуми тоҷик ба ин фарзанди фарзонаи худ ва чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ки дар чаҳорчӯби таҷлили солгарди мавлуди мавсуф баргузор гардидаанд, иттилоъ дод.
Дар чорабинӣ Президенти Шӯрои ҳиндустонӣ оид ба муносибатҳои фарҳангӣ профессор Локеш Чандра ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок намуда, дар бораи мақому манзалати мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар рушди адабиёту фарҳанги форс-тоҷик дар он давра сухан гуфт.
Ӯ ҳамчунин аз сафари худ ба Тоҷикистон дар соли 1968 ёдовар шуда, иброз намуд, ки ҳанӯз он замон аз фарҳанги хосса ва тамаддуни чандинҳазорсолаи тоҷикон хабардор гардида, тоҷиконро чун мардуми эҷодкор ва дар таърихи ҷаҳонӣ дорои мақому ҷойгоҳи хос дарёфтааст.
Дар семинари илмӣ ходимони илм ва коршиносони кишвари иқомат, аз ҷумла Президенти Донишкадаи тадқиқотии ҳинду форси Ҳиндустон доктор Саид Ахтар Ҳусайн, профессор Шариф Ҳусайн Қосимӣ аз Донишгоҳи Деҳлӣ, профессор Н. Хокӣ аз Маркази тадқиқоти Осиёи Донишгоҳи Кашмир, доктор Алим Ашраф Хон аз Донишгоҳи Деҳлӣ, профессор С.А. Ҳасан аз Донишгоҳи Ҷавоҳирлол Неҳру дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоири бузург маълумот доданд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин дигар профессорон ва олимони Ҷумҳурии Ҳиндустон, донишҷӯён ва коромӯзони тоҷик, сафирон ва дигар намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Деҳлии Нав ширкат варзиданд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






