Ш. Шабдолов созишномаи ҳамкориро эътироф накард

Декабрь 17, 2014 16:39

          Душанбе, 17.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тоҷикистон бо Латвия  ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккилона ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир тақвият мебахшад. Дар иртибот  ба ин 17 декабр вакилони Маҷлиси намояндагон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии  Латвия  оид ба ҳамкорӣ  дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона  ва муомилоти ғайриқонунии  воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо  ва дигар ҷиноятҳоро баррасӣ намуда, ба тасвиб  расонданд.
         Искандар Солеҳзода -муовини  вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар назди вакилони Парлумон ин санадро тавзеҳ дода гуфт, ки  он аз муқаддима ва 15 модда иборат буда, 10 июни соли 2014 дар Душанбе ба имзо расидааст.  Созишнома дар пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳои муташаккилона, мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии  маводи мухаддир, силоҳи оташфишон, хариду фурӯши одамон, маблағгузорӣ ба терроризм, табодули иттилоот байни  мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистону Латвия нақши муҳим мегузорад. 
        Бояд зикр кард, ки вакили Маҷлиси намояндагон Шодӣ Шабдолов зимни баррасии созишномаи мазкур зидди тасдиқи он баромада, ин санадро эътироф накард. Мавсуф гуфт, ки  масъалаи терроризмро  дар ҷаҳони муосир ҳар кас ба таври худаш шарҳ медиҳад. Дар кадом давлате, ки инқилоб нашавад, онро кори дасти террористҳо медонанд. Шабдолов афзуд, ки терроризм мавзӯест, ки дар он мавқеъҳо гуногун аст. Вай ҳодисаҳои Украинаро мисол оварда, таъкид кард, ки  онҳое, ки бо яроқ ватанашон, забони давлатӣ ва фарҳангашонро  ҳимоят мекунанд, террорист ва онҳое, ки болои сари мардуми осоишта  бо мушакҳои БУК ҳамла мекунанд, демократ мебошанд. 
       Дар ин ҳол   Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки дар ин санад сухан дар бораи ҳамкорӣ байни полиси Латвия ва мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон, пешгирӣ, кушодани ҷиноятҳо,  табодули  иттилоот, ҳифзи маълумоти шахсӣ дар асоси қонунгузориҳои миллӣ ва меъёри  санадҳои байналмилалӣ меравад.              

Декабрь 17, 2014 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад