Шикасти амалиёти нашъаҷаллобон

Декабрь 1, 2014 09:40

Душанбе, 1.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бо назардошти хавфу хатарҳои марговари маводи нашъадор кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ муборизаро алайҳи он пурзӯр намуда, пайваста амалиёти махсуси фавриву ҷустуҷӯӣ доир менамоянд.
Кормандони фаврии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода як гурӯҳи ҷиноятпешаро дастгир намуданд, ки ба нигоҳдошт, интиқол ва фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор машғул буд.
Бо гирифтани маълумоти фаврӣ гумрукчиёни шаҳри Турсунзода муайян менамоянд, ки сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Шавқат Муқимов, сокини шаҳри Чкаловск, Амирхон Исломов, сокинони ноҳяи Бохтари вилояти Хатлон, Имомалӣ Гиёев ва Зафар Сабуров бо маслиҳати пешакӣ, мехостанд миқдори зиёди маводҳои нашъадорро ба фурӯш бароранд.
Ҳамин тариқ, 13 ноябри соли равон амалиёти ин гурӯҳи ҷинояткор дар роҳи мошингарди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барҳам зада шуда, аз онҳо 14 килограмму 940 грамм маводи навъи афюн мусодира  шуд.
Дар давоми амалиёти фаврӣ 15-уми ноябр 4 килову 80 грамм афюн, ки бар ивази 2000 доллар фурӯхта мешуд ва 19-уми ноябр 9 килову 130 грамм маводи афюн мусодира ва ҳар чор нафар боздошт гардид.
Нишондоди дастгиршудаҳо муайян кард, ки роҳбари ин гурӯҳи ҷиноӣ шаҳрванд Гиёев Имомалии 42- сола, доғи судӣ дорад ва пеш бо моддаҳои 201 ва 200 Кодекси Ҷиноии ҶТ аз озодӣ маҳрум гаштааст, мебошад.
Бо зиракӣ ва кордонии кормандони Хадамоти гумрук боз як амалиёти нашъаҷаллобӣ пешгирӣ ва аз онҳо зиёда аз 28 кило маводи нашъадор мусодира  шуд. Бо бурдани тафтишот ва барқарории адолати судӣ ин чор нафар шахси ҷиноятпеша ҷазои сазовор хоҳад гирифт.
 
 

Декабрь 1, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад