Сохтори Маҷлиси миллӣ тағйир меёбад?

Декабрь 24, 2014 15:43

         Душанбе, 24.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Сохтори Маҷлиси миллӣ ё худ палатаи болоии Парлумони  Тоҷикистон дар соли 2015 тағйир намеёбад ва дар маҷмӯъ шумораи кормандони он 52 нафарро ташкил хоҳад дод. Ин матлабро 24 декабр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ дар Душанбе зикр кард.
              Бояд тазаккур дод, ки 24 декбар аъзои Маҷлиси миллӣ дар радифи баррасӣ ва ҷонибдории  нӯҳ масъалаи рӯзномаи иҷлосияи бистуми палатаи болоии Парлумон,  инчунин тибқи Қарори  Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва нақшаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои  соли 2015 тасдиқ карданд.
          Масъалаи мазкурро дар назди аъзои палатаи болоии Парлумони  мамлакат Мизроб Кабиров -роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуда, дар бораи ҷузъиёти он ба таври возеҳ гузориш надод.
             Бояд зикр кард, ки Маҷлиси миллӣ — палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли 2000 таъсис шудааст. Он аз 33 аъзо иборат буда, 8 нафари он аз ҷониби Президенти кишвар таъйин шуда, боқимондааш аз ҷониби вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба муддати панҷ сол интихоб мешаванд. Инчунин Президенти нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон Каҳҳор Маҳкамов аъзои доимии Маҷлиси миллӣ мебошад. Интихоботи аъзои  Маҷлиси миллӣ ё худ палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон баъд аз 25 рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад. Тибқи  Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллӣ 27 марти соли 2015 таъйин шудааст.   
 
 

Декабрь 24, 2014 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад