Созишномаи байни Тоҷикистону Афғонистон тасдиқ гардид

Декабрь 25, 2014 15:10

        Душанбе, 25.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тоҷикистону Афғонистон дар ояндаи наздик имкон доранд намояндагиҳои худро дар назди вазорати корҳои дохилии ҳар ду кишвар ифтитоҳ намоянд. Дар робита ба ин вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  «Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон»-ро тасдиқ намуданд. 
           Умарзода Икром Ислом-муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ санади мазкурро дар назди вакилони Парлумони мамлакат тавзеҳ дода гуфт, ки Созишнома 27 марти соли 2014 дар шаҳри Кобул ба имзо расида, аз муқаддима ва 12 модда иборат аст. Ҳадафи он  тавсеаи ҳамкорӣ байни  вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвари ҳамҷавор -Тоҷикистон ва Афғонистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои вазнин, муташаккилона ва фаромиллӣ мебошад.
          Дар асоси санади мазкур вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар самти пешгирӣ, ошкоркунии ҷиноятҳои вазнину муташаккилона, ба мисли мубориза алайҳи терроризм, маблағгузории терроризм, муомилоти ғайриқонунии  маводи  мухаддир, силоҳи оташфишон, одамрабоӣ, харидуфурӯши одамон, коррупсия ва дигар ҷиноятҳои хусусияти фаромиллидошта ҳамкориро тақвият мебахшанд.
          Инчунин дар асоси созишномаи мазкур мақомоти салоҳиятдори /ВКД/ Тоҷикистону Афғонистон  бо риояи қонунҳои байналмилалӣ, ҳамкориро дар бахши табодули иттилооту таҷриба, расонидани кумак,  иҷро намудани дархостҳои ҷонибҳо, таъмини махфияти ҳуҷҷатҳо тавсеа медиҳанд. 
           Назар ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагон Саттор Холов Созишномаи мазкур дар кушодани ҷиноятҳои вазнин, муташаккилона, фаромиллӣ ва мубориза бо дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир   нақши муассир мебозад.
 
 

Декабрь 25, 2014 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад