Суғд: боздошти ду милитсионери “қалбакӣ”
Хуҷанд, 4.12.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд зимни бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду тан милитсионери “қалбакӣ” дастгир шуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” корманди РВКД ҶТ дар Суғд М.Юсупов хабар дод, 1-уми декабри соли ҷорӣ ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров аз номи ду тан истиқоматкунандаи маркази вилоят, ноболиғон, хонандагони яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд Т.Ш ва С.А. ариза ворид гардид. Мувофиқ ба маълумоти ин ду ноболиғ 28-уми ноябри соли ҷорӣ онҳоро, ки дар даст маводи тарфгарӣ (хлопушка) доштанд, дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров шахсони номаълум бо мошини тамғаи “Даймлер-бенс” омада, худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, боздошт карданд.
Баъдан шиносномаи ноболиғ С. А-ро кашида гирифта, бо баҳонаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан, аз онон 200 доллари ИМА-ро гирифтаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсияи ноҳия ду нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров, шаҳрвандон Ҷаҳонгир Ваҳҳобови 24- сола, корманди оддии неругоҳи барқи обии “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Қайроққум ва Муҳаммад Латипови 25-сола, корманди ширкати мобилии “Beeline” боздошт шуда, аз онҳо далели шайъӣ гирифта шуд.
Нисбат ба дастгиршудагон бо моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






