Тағйири меъёрҳои бозтамвил ва захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ

Декабрь 23, 2014 11:14

 
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Меъёри бозтамвил ба андозаи 1,1 банди фоизӣ баланд ва дар сатҳи 8 фоизи солона муқаррар гардид. Ба иттилоъи Бонки милли Тоҷикистон, тағйироти мазкур ҷиҳати таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот бинобар зиёд шудани таъсири фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёт, ки бештар ба номуайянии бозорҳои молиявии ҷаҳонӣ алоқаманд мебошад, инчунин барои пешгирии таъсири манфии омилҳои берунӣ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ворид  шудааст. 
 
Инчунин бо қарори навбатии Раёсати БМТ, бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва баланд бардоштани эътимоди пули миллӣ бинобар зиёд шудани фишорҳои қурбӣ ба иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳои ҳатмӣ бо пули миллӣ 3 банди фоизӣ паст ва бо асъори хориҷӣ 1 банди фоизӣ баланд шуда, мутаносибан дар сатҳи 2,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардид. 
 
Мутобиқи қарори номбурда тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар низоми бонкӣ вобаста ба захираҳои ҳатмӣ аз таърихи 1 январи соли 2015 тибқи санади мазкур амалӣ  машавад. 
 
 
 
 

Декабрь 23, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад